ФАРЗАНДОНРО АЗ ТАҲСИЛ МАҲРУМ НАКУНЕД! Дар Душанбе беш аз 40 ҳолати монеъ шудан ба таҳсил ошкор карда шуд

Апрель 20, 2026 09:30

ДУШАНБЕ, 20.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар семоҳаи якуми соли 2026 дар шаҳри Душанбе 43 ҳолати монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ ба қайд гирифта шудааст. Нисбат ба падару модароне, ки барои гирифтани илму дониши фарзандонашон монеа эҷод кардаанд, тибқи моддаи 164 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар доданд.

Таълиму тарбияи фарзандон ва таъмин намудани таҳсилоти миёнаи умумӣ масъулияти муҳими падару модар ба ҳисоб меравад. Инчунин таҳсил на танҳо ҳуқуқи конститутсионии кӯдак, балки заминаи асосии рушди зеҳнӣ, маънавӣ ва иҷтимоии ӯ мебошад.

Ҳарчанд Ҳукумати мамлакат барои таҳсил ва илмомӯзии наврасону ҷавонон тамоми шароитро фароҳам овардааст, ҳанӯз ҳам ҳолатҳое ба мушоҳида мерасанд, ки баъзе волидайн ба ин масъала беаҳамиятӣ зоҳир намуда, барои соҳибкасбу соҳибмаълумот шудани фарзандонашон талош намекунанд.

Тибқи қонунгузории мамлакат, барои ба ҳар шакл монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст. Чунин кирдор бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то як ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ҳатмӣ ба муҳлати аз 180 то 240 соат ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

Инчунин дар асоси муқаррароти қонунгузории давлат ҳамаи хатмкунандагони зинаи таҳсилоти миёнаи асосӣ баъди хатми синфи 9 вазифадоранд, ки дар ҳолати ихтиёран идома надодани таҳсил дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бояд ҳатман таҳсили худро дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ, яъне литсейҳои касбии техникӣ ва коллеҷҳо идома диҳанд ва соҳибкасб шаванд. Яъне баъди хатми синфи 9 ҳатман бояд хонанд!

Ба андешаи ҷомеашиносон, сабабҳои чунин рафтор мушкилоти иҷтимоӣ, сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ, мушкилоти хонаводагӣ ё нодида гирифтани аҳамияти таҳсил дар рушди ояндаи кӯдак буда метавонанд.

Дар баробари ин имрӯз дар ҷомеа наврасону ҷавононе низ ҳастанд, ки бо сабаби беаҳамиятии волидайн ба оворагардӣ ва ҷинояткорӣ машғул шуда, аз таълиму тарбия дур мондаанд.

Дар робита ба ин масъала чанде пеш дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Сино бо иштироки кормандони милитсия ва намояндагони суд ҷаласаи сайёри суд баргузор гардид.

Дар ҷаласа тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 парвандаи маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Парвандаҳои баррасишуда нисбат ба волидайни хонандагони ин муассиса буданд, ки аз ҷониби кормандони шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе тартиб дода шудаанд.

Муайян гардид, ки қисми зиёди ҳуқуқвайронкуниҳои содирнамудаи ноболиғон дар натиҷаи беназоратӣ ва камаҳамиятии волидайн нисбат ба таълиму тарбияи фарзандон ба амал омадаанд. Бо назардошти ин ҳолатҳо аз ҷониби Суди ноҳияи Сино дар доираи ҷаласаи сайёри суд нисбат ба волидайни наврасон ҷазоҳои маъмурӣ дар шакли ҷарима ба андозаи 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 1560 сомонӣ таъйин карда шуд.

Ҳамчунин сокини 14-солаи шаҳри Душанбе, ноболиғ О.М. аз бемасъулиятии волидайн истифода бурда, мунтазам ба оворагардӣ ва содир намудани ҷиноятҳои дуздӣ машғул гардидааст.

Номбурда чандин маротиба аз ҷониби кормандони самти кор бо ноболиғони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ-2 дар ноҳияи Сино дастгир карда шуда, бо ӯ ва волидайнаш суҳбатҳои профилактикӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда буд. Аммо бо вуҷуди андешидани чунин тадбирҳо рафтори ноболиғ ислоҳ нагардида, боз ба амалҳои номатлуб даст задааст.

Бо назардошти ин ҳолат нисбат ба волидайни ин ноболиғ тибқи моддаи 73 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки гирифтани кӯдакро бе маҳрум намудан аз ҳуқуқи падарию модарӣ пешбинӣ намудааст, татбиқ карда шуд. Бо қарори Суди ноҳияи Сино ноболиғ дар Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастор»-и шаҳри Душанбе ба таълиму тарбия фаро гирифта шуд.

Фарзанди солеҳ ва бомаърифат давоми умри падару модар, давомдиҳандаи насл ва номбардори волидайн аст. Падару модарон дар шароити кунунӣ вазифадоранд, ки бо роҳу усулҳои муосир муҳити тарбияи фарзандро дар фазои оила солим гардонанд. Дар шароити муосир, ки равандҳои сиёсию иҷтимоӣ хеле печида ва гуногунандешанд, масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд меафзояд. Волидон бояд дарк кунанд, ки ҳар амали мусбат сабаби муваффақият ва ҳар амали манфӣ боиси нокомӣ мегардад.

Сарвари давлат пайваста дар суханрониҳо таъкид менамоянд, ки «мо бояд бештар дар фикри тарбия ва таъминоти фарзандонамон бошем, онҳоро тавре тарбия намоем, ки соҳиби илму дониш ва касбу ҳунар шаванд, ба давлату миллат содиқ бошанд, Ватанро сидқан дӯст доранд, иродаи мустаҳкам дошта бошанд, сарзамини аҷдодии худро дар оянда соҳибӣ ва обод карда тавонанд, созанд, бунёд кунанд».

Имрӯз бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ идома дорад. Дар самти мустаҳкам намудани пояи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, сохтмон ва бунёди инфрасохтори соҳа корҳои зиёде ба анҷом расонида мешаванд.

Аз ин рӯ падару модарон, ҷомеа ва ниҳодҳои дахлдорро зарур аст оид ба ин масъала ҷиддӣ муносибат намоянд, дар соҳибилму соҳибкасб намудани фарзандон ва тарбияи дурусти онҳо саҳми арзанда гузоранд. Зеро ояндаи ҷомеа аз тарбияи дурусти насли наврас вобастагии зиёд дорад.

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе

Апрель 20, 2026 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири мудофиа: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуд»
Оид ба дастовардҳои илмии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш доир шуд
«Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030» баррасӣ гардид
РУШДИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Гвардияи миллӣ ба сохтори қудратманди ҳарбии таъйиноти махсус табдил ёфтааст
Панҷ нуктаи омӯзанда аз Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо паёми Президенти Тоҷикистон
Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон синфхонаи замонавӣ барои донишҷӯён ба истифода дода шуд
Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ бо имконоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид
Муҳаққиқи ҷавони тоҷик Омина Холиқзода дар Чин соҳиби медалҳои тилло ва нуқра гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Имкон»-ро ба истифода доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар назди 12 муассисаи таълимии шаҳри Ваҳдат биною синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода мешаванд
Даъвати тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ аз моҳи октябр оғоз мегардад