Филми мустанади «Шоҳи қуллаҳо» ҷоизаи байналмилалӣ гирифт

Апрель 24, 2026 17:03

ДУШАНБЕ, 24.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Филми мустанади «Шоҳи қуллаҳо», ки аз ҷониби Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст, дар Фестивали байналмилалии синамои экологии «Astana Eco Film Festival 2026» сазовори ҷоизаи бонуфузи «Best Impact Storytelling Award» (Беҳтарин филми таъсирбахш) гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи телевизион ва радио хабар доданд.

Ин ҷашнвора дар ҳошияи Саммити минтақавии экологии «Диди муштарак барои ояндаи устувор» баргузор шуда, дар он даҳҳо филм аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон ба намоиш гузошта шуданд.

Филми «Шоҳи қуллаҳо», ки коргардони он Усмон Юсуфов мебошад, дар бораи зебоиҳои нотакрори табиати Тоҷикистон ва ҳифзи бабри барфӣ нақл мекунад. Ҳайати ҳакамон ва бинандагони байналмилалӣ ба мазмуни амиқи экологӣ, сифати баланди наворбардорӣ ва паёми муҳими филм дар роҳи ҳифзи муҳити зист баҳои баланд доданд.

Бояд ёдовар шуд, ки Фестивали байналмилалии синамои экологии «Astana Eco Film Festival»  чорабинии байналмилалии синамоӣ буда, 22-23 апрели соли 2026 дар доираи Саммити минтақавии экологӣ дар кинотеатри «Chaplin Mega Silk Way»-и шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор гардид. Ҳадафи фестивал тавассути санъати синамо ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилоти глобалии экологӣ, ҳифзи табиат ва гуногунии биологӣ мебошад.

Ин фестивал майдоне аст, ки дар он филмсозон, экологҳо ва коршиносон аз саросари ҷаҳон ҷамъ омада, роҳҳои ҳалли мушкилоти иқлимро тавассути ҳикояҳои таъсирбахш (storytelling) баррасӣ менамоянд.

 

АКС: Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 24, 2026 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид