Форуми сеюми байналмилалии «Суғд – чорроҳаи Роҳи бузурги Абрешим» баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 15.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 16-17 апрел дар шаҳри Хуҷанд Форуми сеюми байналмилалии «Суғд – чорроҳаи Роҳи бузурги Абрешим» доир мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Форум бо мақсади пешбурди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби бештари сайёҳон, муаррифии имконияти сайёҳӣ ва таърихии вилоят баргузор карда мешавад.
Вилояти Суғд бо таърихи куҳан, табиати зебо ва анъанаҳои бойи мардумӣ минтақаи ояндадори сайёҳӣ мебошад. Таваҷҷуҳи рӯзафзуни сайёҳон ва сармоягузорони дохилию хориҷӣ ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар ин вилоят шаҳодати равшани имконияти фаровони он аст.
Мавзеъҳои табиии ин минтақа, махсусан кӯлҳо ва дараҳои баландкӯҳи он барои сайёҳони табиатдӯст имконият фароҳам овардаанд, ки сайру саёҳатро дар ин маконҳо бофароғат гузаронанд. Искандаркӯл, дараҳои Яғнобу Фон ва минтақаҳои кӯҳии ноҳияи Айнӣ дорои шароити хуб барои хаймазанӣ, кӯҳнавардӣ ва экосайёҳӣ мебошанд.
Бояд гуфт, ки дар вилоят бунёди даҳҳо иншооти соҳаи сайёҳӣ идома дошта, то истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешаванд. Ин ба таъсиси ҷойи кор, беҳтар шудани инфрасохтор ва татбиқи «Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030» мусоидат мекунад.
АКС аз манбаъҳои боз








Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид






