«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд

Апрель 2, 2026 15:10

ДУШАНБЕ, 02.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар дар шаҳри Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Фурӯғи маърифат» оғоз гардид. Фестивали мазкур то 9 апрел идома меёбад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Пеш аз оғози фестивал намоиши китоб доир гардид, ки дар он садҳо номгӯй асарҳои бачагона аз адабиёти тоҷик ва ҷаҳон ба намоиш гузошта шуд. Инчунин намоиши дастранҷи кӯдакону наврасон, фурӯши китобу рӯзнома ва маҷаллаҳои тозанашр доир гардид. Иштирокдорони фестивал дар ин ҷо имкони тамошои порчаҳоро аз намоишҳои театрӣ пайдо карданд.

Хонандагон аз ашъори шоирон оид ба мутолиаи китоб ва дӯст доштани ин шуғл шеър қироат намуданд. Кӯдакону наврасон бо адибони шинохтаи тоҷик суҳбат намуда, таассуроти хешро доир ба китобҳои хондаашон баён намуданд.

Рӯзҳои дигари фестивал ва ҷамъбасти он тибқи нақшаи китобхонаҳои ҷумҳурӣ бо иштироки адибон, олимон ва коршиносони соҳа дар шаҳрҳои Душанбе, Шаҳринав, Турсунзода, Варзоб, Роғун, Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ баргузор мегарданд.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Ҳусейн Сафарзода иброз намуд, дар Тоҷикистон ин фестивал ба ҳукми анъана даромадааст. Дар ҷараёни он намоиши китобҳои тозанашр барои бачаҳо, вохӯрӣ бо адибон, барномаҳои консертӣ бо иштироки хонандагони мактабҳо ва маҳфилҳои адабӣ баргузор мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 1967 ҷомеаи ҷаҳонӣ 2 апрелро ҳамасола чун Рӯзи байналмилалии китоби бачагона бо баргузории чорабиниҳои мухталифи фарҳангӣ таҷлил менамояд. Дар Тоҷикистон низ ба муносибати ин рӯз барномаҳои гуногуни фарҳангӣ доир мегарданд, ки Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» аз ин ҷумла аст.

Ҳадаф аз баргузории он ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон, ҷавонон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ ва гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 2, 2026 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид