Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад

Апрель 21, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 21.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Сайёҳон ва сокинони шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон метавонанд паёмакҳоро бисанҷанд, аксҳо гузоранд ё бевосита видеоро ҳангоми сайру гашт, бе пардохти маблағ барои трафики интернет тамошо кунанд. Дар боғҳо ва ҷойҳои ҷамъиятии шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ шабакаи Green Wi-Fi аз ширкати “МегаФон Тоҷикистон” фаъолият мекунад. Лоиҳа аллакай маконҳои калидиро фаро гирифта, васеъшавиро идома медиҳад.

— Дар Душанбе Wi-Fi аз оператор дар боғҳои ба номи С. Айнӣ, А. Дониш, Куруши Кабир, А. Фирдавсӣ, Рӯдакӣ ва Ҷавонон, толори вуруди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, инчунин дар хиёбони Рӯдакӣ 100 бо фарогирӣ ба самти боғи Истиқлол фаъол аст. Дар шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ Green Wi-Fi дар боғҳои марказӣ ва ҷойҳои маъруфи истироҳати шаҳрвандон фаъол аст. Интернети ройгон ба корбарон барои вақти муайян, то 30 дақиқа дастрас мебошад. Барои истифодаи тӯлонитар аз Шабака пайвасткунии бастаи пулакӣ бо ҳаҷми зарурии трафик кифоя аст.

Green Wi-Fi-ро чӣ тавр истифода бурдан мумкин аст:

— ба шабакаи Green Wi-Fi пайваст шавед – саҳифаи бақайдгирӣ ба таври автоматӣ кушода мешавад;

— роҳи воридшавиро тавассути SMS интихоб намоед;

— рақами телефони мобилиро ворид карда, рамзи тасдиқкуниро қабул намоед;

— рамзро ба саҳифаи бақайдгирӣ ворид кунед;

— бастаи ройгон (10 ё 30 дақиқа) ё пулакиро интихоб кунед;

— барои дастрасии ройгон тамошои ролики таблиғотӣ зарур аст.

“Мо Green Wi-Fi-ро на танҳо ҳамчун хизматрасонии мувофиқ барои ҳаёти ҳаррӯза рушд медиҳем. Мавҷудияти Green Wi-Fi дар кӯчаҳо, маконҳои дӯстдоштаи фароғатӣ, дар назди ҷойҳои асосии тамошобоб ба пайдо кардани таассуроти мусбат дар бораи кишвари мо мусоидат мекунад. Ҳам сайёҳон ва ҳам сокинони шаҳрҳо имконияти озодона истифода бурдани хизматрасониҳои рақамӣ ва ба дигарон расонидани лаҳзаҳои рангини сайру гаштро пайдо мекунанд”, — мегӯяд Олег Гребенков, роҳбари самти фурӯшҳо ва хизматрасонии ТМСБ ширкати “МегаФон Тоҷикистон”.

Апрель 21, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд