Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба рақамикунонии соҳаи буҷет ва молия таъсис дода мешавад

Апрель 30, 2026 12:03

ДУШАНБЕ, 30.04.2026. /АМИТ «Ховар»/.  Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 29 апрел таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, ба сохторҳои масъул  дастур дода шуд, ки бо назардошти аҳамияти рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва ба талаботи замон мутобиқ сохтани он гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба рақамикунонии соҳаи буҷет ва молия таъсис дода шуда, аз натиҷаи фаъолияти он ҳар семоҳа ба Ҳукумати мамлакат ҳисобот пешниҳод карда шавад.

Вазорати рушди иқтисод ва савдо вазифадор гардид, ки платформаи ягонаи рақамии мониторинг ва арзёбии иҷрои ҳуҷҷатҳои стратегиро бо истифода аз зеҳни сунъӣ таъмин  намояд.

Ҳамзамон ба вазорату идораҳо супориш дода шуд, ки хизматрасониҳои давлатиро ба портали ягона ворид намуда, аз низомҳои ҷудогона худдорӣ намоянд, барномаҳои омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳоро тақвият дода, сатҳи омодагии мутахассисонро ба талаботи иқтисоди рақамӣ мутобиқ гардонанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 30, 2026 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад