«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар Муъминобод форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 20.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 4–5 июн дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон таҳти унвони «Хатлон — сарзамини тамаддунҳо ва саёҳат» форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ баргузор мегардад.
Ҳадафи форум ва намоиш муаррифии иқтидори сайёҳии минтақа, ҷалби сармоягузорӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ мебошад. Дар назар аст, ки дар он намояндагони беш аз 20 давлати ҷаҳон иштирок намоянд.
Дар вилояти Хатлон бо назардошти мавҷудияти захираҳои бойи табиӣ, таърихию фарҳангӣ ва экологӣ сайёҳӣ метавонад яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти минтақа гардад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамасола теъдоди сайёҳони хориҷие, ки барои шинос шудан бо мавзеъҳои сайёҳии вилояти Хатлон ба мамлакат ворид мешаванд, меафзояд.
Тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят аз нигоҳи самтҳои афзалиятноки соҳа диққатҷалбкунанда ва дорои имконияти рушд мебошанд. Махсусан, мавзеъҳои Тахти Сангин, Чилучорчашма, Чилдухтарон, мақбараи Имом Зайналобиддин, олим ва мутафаккири Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва мазори Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ солҳои охир таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб менамоянд.
Бояд гуфт, ки мавзеи «Чилдухтарон» яке аз зеботарин ҷойҳои табиии ҷануби Тоҷикистон мебошад. Он дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлони Тоҷикистон, дар километри 250-уми самти ҷануби Душанбе ҷойгир аст. Кӯҳи Чилдухтарон дар масофаи 28 км дар қисмати шимолии маркази ноҳияи Муъминобод, дар назди деҳаи Дашти ар-ар ҷой гирифтааст. Он аз харсангҳои аҳромшакли то 60 метр баланд иборат аст, ки дар натиҷаи шамолҳои тӯлонӣ суфта шудаанд. Доир ба кӯҳҳои Чилдухтарон байни аҳолӣ ва мардуми таҳҷоӣ аз азал нақлу ривоятҳои зиёде ҳаст. Тибқи ривоятҳо, чил пайкараи сангии кӯҳи Чилдухтарон нишонаи покдомании занони тоҷик мебошад.
Дар асл харсангҳои аҳромшакл барои ҳар бинанда муҷассамаи олиҳаи зебоӣ ва рамзи покию ватандӯстӣ мебошанд. Ин макони беназир бо маҷмуи табиии сангҳои сурх, зебоии фавқулода ва номи шоиронаи «Чилдухтарон» сайёҳонро ҷалб менамояд.
Аз ин рӯ, форум ва намоиши байналмилалии сайёҳии «Хатлон-сарзамини тамаддунҳо ва саёҳат» ба меҳмонон ва дӯстдорони сайру сайёҳат имкон медиҳад, ки шоҳкориҳои табиии «Чилдухтарон» – ро тамошо кунанд.
Дар ин мавзеъ сайёҳон имкон доранд аз хӯрдани таомҳои миллӣ, аз ҷумла оши бурида, шакароб, қурутоб, инчунин аз маззаи нонҳои тоҷикӣ ва меваҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза лаззат баранд. 138 навъи растаниҳои шифобахш, 45 навъи растании асаловар ва 98 навъи растании ғизоие, ки дар ин минтақа мерӯянд, далели болаззат будани хӯрокҳои миллӣ мебошанд. Зеро баробари фаро расидани фасли баҳор ва идҳои баҳорӣ занони ин минтақа барои сайёҳон бештар хӯрокҳои миллӣ омода ва ҳунари хешро муаррифӣ менамоянд.
Саёҳати саноатӣ, солимгардонӣ ва истироҳатӣ хоси ноҳияи Муъминобод буда, бо таъмир ва навсозии роҳҳои сатҳи байналмилалӣ, нақбҳо ва бунёди инфрасохтори сайёҳӣ таъсиси кемпингҳо ва осоишгоҳҳо дар ин минтақаҳо барои сайёҳон мувофиқ дониста шудааст.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи рушди сайёҳии минтақаи Кӯлоб хабар доданд, соли 2025 ба ноҳияи Муъминобод 110 ҳазору 781 нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ ворид гардидаанд. Аз ин шумора 107 ҳазору 942 нафарро сайёҳони дохилӣ ва 2839 нафарро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд.
Дар айни замон дар ноҳия 32 ёдгории таърихию-фарҳангӣ, 20 мавзеи сайёҳӣ, 12 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 20 зиёратгоҳ, 6 меҳмонхона, 4 боғи фарҳангию фароғатӣ ва даҳҳо тарабхона, чойхона, марказҳои иттилоотӣ ва дигар инфрасохтори зарурии сайёҳӣ фаъолият доранд.
Ёдовар мешавем, ки дар вилояти Хатлон 940 ёдгорӣ ва мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ, 121 меҳмонхона, 139 мавзеи сайёҳӣ, 251 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 142 тарабхона, 45 осорхона, 19 ширкати сайёҳӣ, 128 чойхона, 371 банкомати хизматрасонии бонкӣ, 50 ҳомстей (хонаҳои меҳмонқабулкунии маҳаллӣ), 240 ҳоҷатхонаи сарироҳӣ, 68 мағозаи фурӯши армуғон, 115 зиёратгоҳ, 45 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва гулгашт, 80 ишораи сарироҳӣ ва 26 маркази иттилоотии сайёҳӣ мавҷуд мебошанд.
Тибқи иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дар семоҳаи якуми соли 2026 ба вилоят 344 ҳазор сайёҳ ворид гардидааст.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба манфиат ва хусусияти табобатии хӯрокҳои миллӣ
Дар минтақаи Кӯлоб дар 204,7 гектар ҷангалзори нав бунёд гардид
Дараи Камароб дорои захираҳои нодири агробиологӣ ва имконияти васеи рушди кишоварзии кӯҳистон аст
ТАШАББУСИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН: аз фарҳанги сулҳ то амнияти наслҳои оянда
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар шаҳри Конибодом кишти такрорӣ идома дорад
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Чӣ гуна патентро аз даст надода, фаъолияти меҳнатиро дар Русия ба таври қонунӣ анҷом додан мумкин аст?
Дар Тоҷикистон барои хонандагони синфи якум давраи мутобиқшавӣ гузаронида мешавад
Ҷалби сармоя ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон бо намояндагони ширкати «Рокс Групп»-и Ветнам баррасӣ гардид
Оғози хизматрасонии байналмилалии пардохтии Apple Pay дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
Корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ ва истеҳсоли неруи барқ бунёд карда мешавад
Дар Тоҷикистон соли 2026 ҳаҷми маблағи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ бештар гардидааст
Дар минтақаҳои ҳавзаи дарёҳои Қаратоғ ва Зарафшон қариб 95 фоизи захираи барфи мавсимӣ об шудааст






