Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
ДУШАНБЕ, 02.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. 1 апрел дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ марҳилаи аввали маросими гусели хатмкунандагони донишгоҳ, ки ба таври ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати Модар-Ватан мераванд, баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба донишгоҳ.
Зимни маросими гусел Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Қудрат Давлатзода иброз дошт, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи ватандӯстӣ ва номуси миллӣ ба шумор рафта, тибқи моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ҳарбӣ уҳдадории ҳатмии ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ин росто ҷавонони соҳибдилу худогоҳ ва пайравони асили Пешвои миллатро зарур аст, ки дар ҳифзи амнияту осоиштагӣ ва ҳимояи марзу буми мамлакат ҳамеша дар сафи пеш қарор дошта бошанд.
Соли шашум аст, ки аз ҳисоби хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон иддае ихтиёран ба хизмати Ватан-Модар мераванд ва қарзи шаҳрвандиро сарбаландона адо менамоянд. Ба ин гуна ҷавонон аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ дар раванди таълим, имтиҳонҳои давлатӣ ва пас аз адои хизмат имтиёз ва сабукиҳо дода мешаванд.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ










Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд






