ҲХДТ ва Ҳизби коммунистии Чин робитаҳоро густариш медиҳанд

Апрель 18, 2026 08:40

ДУШАНБЕ, 18.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи таҳкими ҳамкории байниҳизбӣ дар мулоқоти муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ва котиби Кумитаи Ҳизби комунистӣ дар ноҳияи мухтори Нинся-Ҳуэйи Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Ифэй баррасӣ гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд, ҷонибҳо ҳамчунин тавсеаи робитаҳои дӯстона ва рушди ҳамкорӣ дар самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таъкид гардид, ки густариши муносибатҳои байниҳизбӣ ба таҳкими шарикии стратегӣ ва устувор гардидани дӯстии ду халқ мусоидати назаррас хоҳад намуд.

АКС: Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Апрель 18, 2026 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид