Хонандагони ноҳияи Данғара дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 18 медал ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 15.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони синфҳои 11-и ноҳияи Данғара дар Олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ сазовори 2 медали тилло, 2 медали нуқра ва 14 медали биринҷӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара хабар доданд.
Иброз гардид, ки ин дастовардҳо натиҷаи заҳмати пайвастаи омӯзгорон, талошу кӯшиши хонандагони болаёқат ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди истеъдодҳо дар муассисаҳои таълимии ноҳия мебошанд. Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара барои рушди қобилияту истеъдоди хонандагон шароити мусоид фароҳам оварда шуда, маҳфилҳои фаннӣ, дарсҳои иловагӣ ва машғулияти омодагӣ ба олимпиадаҳо мунтазам гузаронида мешаванд.
Дар ноҳия ба баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии хонандагон ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, барои такмили ихтисоси омӯзгорон ва беҳтарсозии базаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки Олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ ҳамасола бо мақсади дарёфт ва дастгирии хонандагони болаёқат, рушди тафаккури илмӣ ва ҷалби ҷавонон ба омӯзиши амиқи фанҳои таълимӣ баргузор мегардад. Натиҷаҳои бадастомада бори дигар собит месозанд, ки хонандагони ноҳияи Данғара дорои дониши мустаҳкам ва қобилияти баланди зеҳнӣ мебошанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара








Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд






