Хонандаи Гимназияи хусусии «Кафолат» дар Олимпиадаи байналмилалаии JEO, SEO – 2026 сазовори медали тилло гардид

Апрель 15, 2026 17:15

ДУШАНБЕ, 15.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи Муассисаи таълимии Гимназияи хусусии «Кафолат» Каримзода Фотима Манучеҳр дар Олимпиадаи байналмилалаии JEO, SEO – 2026, ки дар шаҳри Сиднейи Австралия доир шуд, сазовори медали тилло гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин муассиса хабар доданд.

Олимпиадаи байналмилалаии JEO, SEO – 2026 12 апрел дар шаҳри Сиднейи Австралия шуруъ гардида, то 16 апрел идома меёбад. Дар он ҳамчунин хонандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Зафарҷон Раупов (тариқи маҷозӣ) сазовори медали тилло гардид.

Бо дастгирии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ибтикороти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 44 нафар хонандагони болаёқати пойтахт аз 6 муассисаи таълимӣ дар ду даста баъди гузаштан аз даври интихобии олимпиадаи байналмилалии JEO, SEO — 2026 барои иштирок дар даври ниҳоӣ (ҷаҳонӣ) ба шаҳри Сиднейи Австралия сафар намуданд.

Дар ин олимпиада аз фанни англисӣ хонандагон аз 16 давлати дунё сабқати зеҳнӣ намуданд.

20 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт аз гурӯҳи якум сазовори 2 медали тилло, 3 нуқра ва 16 биринҷӣ гардиданд.

Аз 44 хонандае, ки аз муассисаҳои таълимии пойтахт дар ин олимпиада иштирок карданд, дар даври ҷаҳонии олимпиадаи JEO, SEO -2026 танҳо хонандаи Муассисаи таълимии Гимназияи хусусии «Кафолат» Каримзода Фотима Манучеҳр соҳиби медали тилло гардид.

Дастоварди навбатии хонандагони пойтахт далели он аст, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт беҳтарин шароити таълиму тадрисро фароҳам овардааст. Натиҷаи ин иқдом ноил гардидан ба дараҷаи баланди сатҳи дониши хонандагон на танҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ, балки дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

АКС: Муассисаи таълимии Гимназияи хусусии «Кафолат»

Апрель 15, 2026 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст