Иҷрои нақшаи бунёди иншооти ҷашнӣ дар вилояти Хатлон 112 фоиз таъмин гардидааст
ДУШАНБЕ, 25.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилоят ба истиқболи 35- солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои ободониву созандагӣ босуръат идома дошта, ҳазорҳо иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ бунёд ва ба истифода супорида шудаанд. Дар маҷмуъ, иҷрои нақшаи бунёди иншооти ҷашнӣ дар вилоят то имрӯз 112 фоиз, яъне барзиёд таъмин гардидааст. Ин матлабро имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон баён намуданд.
Сарвари давлат бунёди беш аз 7000 иншооту биноҳои истеҳсоливу иҷтимоиро дар шаҳру ноҳияҳои вилоят самараи заҳмати софдилонаи мардуми сарбаланди вилоят ва соҳибкорони ватандӯст арзёбӣ намуданд.
Пешвои миллат ба тамоми сокинони шарафманди вилояти Хатлон, бахусус, соҳибкорону шахсони саховатпеша, ки дар ободии Ватани-Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда мегузоранд, миннатдории самимӣ изҳор доштанд.
— Бо истифодаи пурраи имкониятҳо ва ҷалби соҳибкорону шахсони саховатпеша ба корҳои ободониву бунёдкорӣ суръати бештар бахшида, то охири соли равон бунёду ба истифода супоридани боз садҳо иншооти нави ҷашниро таъмин намоянд, — чунин дастуру супориш доданд Президенти мамлакат ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилоят.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд






