Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
ДУШАНБЕ, 08.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2011 дар Тоҷикистон 8 апрел чун Рӯзи иқтисодчиён муқаррар карда шуд.
— Имрӯз фаъолияти дилхоҳ соҳаро бе иштироки иқтисодчиён тасаввур кардан имконнопазир аст. Зеро саҳми барҷастаи иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии рушди мамлакат ва ташаккули ҷомеаи пешрафтаю мутараққӣ назаррас мебошад. Рушди иқтисод яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодии Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад, ки ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нигаронида шудааст.
Дар натиҷаи саъю талош ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин сана дар таъмини рушди устувори иқтисодӣ, ҳамзамон баланд бардоштани нуфузу эътибори иқтисодчиён нақши муҳим дорад.
Боиси ифтихор ва сарбаландии мо – тоҷикон аст, ки дастовардҳои замони истиқлолият маҳз ба фаъолияти пурсамар, азму иродаи қавӣ ва ҷасорати бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртибот дошта, давлатамон дар самти рушди устувор ва таъмини зиндагии арзандаи мардуми шарифи Тоҷикистон ба комёбиҳои беназир ноил гардидааст.
Ҳукумати мамлакат дар самти таҳияи стратегия ва барномаҳои соҳавӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таъмини устувории макроиқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Ба ҳолати 31 декабри соли 2025 дар мамлакат 258 ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ мавриди иҷро қарор дорад. Он, аз ҷумла аз 16 консепсия, 35 стратегия, 139 барномаи соҳавӣ ва 68 барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо иборат мебошад.
Ин нишондиҳандаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки низоми банақшагирии стратегӣ дар Тоҷикистон тадриҷан рушд ёфта, тамоми соҳаҳои муҳими иқтисод ва иҷтимоиётро фаро гирифтааст.
Новобаста аз таъсири омилҳои берунӣ дар натиҷаи татбиқи бомароми стратегия ва барномаҳои давлатӣ танҳо дар 26 соли давраи Истиқлоли давлатӣ маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 1,8 миллиард сомонӣ то 176,9 миллиард сомонӣ ё 98 маротиба, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ аз 289 сомонӣ то 16,7 ҳазор сомонӣ ё 58 маротиба, даромадҳои пулии аҳолӣ аз 1 миллиард сомонӣ то 165 миллиард сомонӣ ё 165 маротиба, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 1,4 миллиард сомонӣ то 66,7 миллиард сомонӣ ё 48 маротиба ва ҳаҷми содирот аз 784 миллион доллар то 2487 миллион доллар ё 3,2 маротиба зиёд гардиданд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоиз то 19 фоиз коҳиш ёфта, беш аз 2200 мегаватт иқтидори нави энергетикӣ, бахусус 2 агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун», 4056 муассисаи нави таълимӣ, 5254 муассисаи нави тиббӣ сохта, ба истифода дода шуданд.
Хусусан дар самти молияи давлатӣ бо назардошти андешидани тадбирҳои зарурӣ сиёсати самарабахш ба роҳ монда шуда, ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ аз 6,1 миллион сомонии соли 1991 то ба 60,3 миллиард сомонӣ дар соли 2025 афзоиш ёфт.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ шумораи аҳолии мамлакат аз 5,5 миллион то 10,7 миллион нафар, яъне 1,9 маротиба афзоиш ёфта, сатҳу сифати зиндагии мардум беҳтар гардид.
Ҳамзамон бо ташаббус ва сарварии оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи Тоҷикистон дар ҳисоботи «Пешбурди тиҷорат»-и Бонки ҷаҳонӣ аз соли 2009 инҷониб даҳҳо зина боло рафта, Тоҷикистон 4 маротиба (солҳои 2010, 2011, 2015 ва 2020) ба радифи даҳгонаи кишварҳои ислоҳотгар дохил гардид.
Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар солҳои 2000-2025 рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,7 фоиз таъмин гардид, ки ин яке аз дастовардҳои бузурги Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Соли 2025 низ дар маҷмуъ устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 176,9 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он 8,4 фоизро ташкил дод.
Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Тоҷикистони муосир давлати дорои иқтисодиёти босуръат тараққиёбанда, рушди боэътимоди муносибатҳои байналмилалӣ ва фазои мусоиди сармоягузорӣ мебошад».
Ташкилоти байналмилалии молиявӣ низ Тоҷикистонро ҳамчун мамлакати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ арзёбӣ намуданд.
Рушди босуръати иқтисодиёти кишвар асосан аз ҳисоби рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ дар натиҷаи татбиқи ҳадафҳои стратегӣ таъмин карда шудааст. Дар маҷмуъ иқтисодчиёни ҷумҳурӣ дар дастовардҳои замони соҳибистиқлолии давлат ва татбиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми назаррас доранд.
Муҳаммад ҶАЛОЛЗОДА,
сардори Раёсати дурнамосозӣ ва ҳамоҳангсозии сиёсати макроиқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
АКС аз манбаъҳои боз/аз муаллиф








Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026–2030» қабул гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии зиддикоррупсионӣ иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон аввалин маҷмааи муосири истеҳсоли шиша бунёд мегардад
Дар ноҳияи Сино низоми «Пардохти ягонаи коммуналӣ» дар марҳилаи пилотӣ ҷорӣ мегардад
Тоҷикистон бо чанд давлати ҷаҳон муносибати савдои хориҷӣ дорад?
Дар Душанбе Форуми рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ баргузор шуд
Дар доираи ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF барои Тоҷикистон 2 лоиҳаи нави муҳим ба маблағи 190 миллион доллар тасдиқ гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ТАЪСИСИ БОЗРАСИИ ДАВЛАТИИ АВТОМОБИЛӢ. Амнияти ҳаракат дар роҳ самти асосии фаъолияти ин мақомот мебошад
Дар Душанбе ҷараёни корҳои пешакии лоиҳаи сохтмони метро дар пойтахт муҳокима гардид
Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамкориро бо Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ густариш медиҳад
Дар Тоҷикистон Маркази ҳамоҳангсозии амнияти киберӣ барои бахши энергетика ва Низоми миллии иттилоотии бахши энергетикаи Тоҷикистон таъсис дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барги гелос барои бемориҳои сулфа, диққи нафас ва ҷароҳати гӯш фоидаовар аст






