Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
ДУШАНБЕ, 04.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии бошукуҳ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Меҳмонон бо дастархони идона ва дастовардҳои муассиса шинос шуда, ба заҳмати омӯзгорону донишҷӯён баҳои баланд доданд.
Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ гуфт, ки Наврӯз ҷашни миллию мардумӣ ва таърихии мост, ки онро бо номи шоҳи Пешдодӣ Ҷамшед тавъам медонанд ва дар рӯзгори шоҳаншаҳии ӯ оғоз гардидааст. Эҳёи ҷашни Наврӯз дар қарни бистуяк ва ҷаҳонӣ шудани он ҳамчун ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо ном ва кору пайкори Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам аст ва миллати мо меросбари ҳақиқии ин ҷашн ва дар асл миллати Наврӯз аст. Бинобар ин, Пешвои миллати моро метавон Пешвои миллати Наврӯз ном бурд.
Фарҳод Раҳимӣ доир ба аҳамияти таърихию фарҳангии ҷашни Наврӯз, нақши он дар таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳёи суннатҳои миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи худшиносӣ ибрози андеша намуд.
Таъкид шуд, ки Наврӯз ҳамчун рамзи сулҳу созандагӣ ва эҳёи табиат имрӯз низ аҳамияти бузурги худро нигоҳ дошта, ҷомеаро ба сӯи пешрафту ободӣ раҳнамоӣ мекунад.
Барномаи ҷолиби театрикунонида аз ҷониби донишҷӯён бо мазмуну муҳтавои ғанӣ, суруду рақсҳои дилнишин ва иҷрои ҳунармандона пешниҳоди ҳозирин гардонида шуда, ба чорабинӣ ҳусни тоза ва ҷаззобияти хосса бахшид.
Дар фарҷом ғолибони озмунҳои наврӯзӣ бо Ифтихорнома ва ҷоизаҳо сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон













Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд






