«ИЛМ — АСОСИ РУШДИ ИННОВАТСИЯ». Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон конференсияи XI байналмилалии илмӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 17.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 16 апрел дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Ҳафтаи илм» таҳти унвони «Илм–асоси рушди инноватсионӣ» конференсияи XI байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.
Конференсия муҳити мусоиди илмӣ фароҳам оварда, ба минбари муҳим барои мубодилаи афкор, муаррифии дастовардҳои нав ва баррасии масъалаҳои мубрами рушди илму технология табдил ёфт. Мавзуъҳои матраҳшуда доираи васеи самтҳои муҳимро дар бар гирифта, ба масъалаҳои рушди инноватсия, истифодаи технологияҳои муосир ва таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот равона гардиданд.
Соли равон дар конференсия беш аз 100 мақолаи илмӣ барои нашр дар маҷмуаи махсус пешниҳод гардид. Дар таҳияи ин мақолаҳо на танҳо ҳайати устодону профессорон, балки докторантони PhD, унвонҷӯён, магистрантон ва донишҷӯён саҳми фаъол гузоштанд. Ҳамзамон олимону муҳаққиқони дигар муассисаҳои таҳсилоти олии дохилию хориҷӣ ва марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ низ бо кори илмияшон иштирок намуданд.
Маводи пешниҳодшуда ба шаш бахши асосӣ тақсим гардида, самтҳои калидӣ, аз ҷумла энергетика ва иқтисод, технологияҳои кимиё ва металлургия, мошинсозӣ ва маводшиносӣ, сохтмон ва меъморӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва илмҳои бунёдӣ, нақлиёт ва инфрасохтори он, инчунин фанҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ, экология ва идоракунии сифати таҳсилоти муҳандисиро фаро гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки конференсия аз соли 2015 инҷониб ҳамасола дар доираи «Ҳафтаи илм» баргузор мегардад. Он дар таҳкими фазои илмӣ, рушди тафаккури таҳқиқотӣ ва густариши ҳамкории байналмилалӣ нақши муҳим дорад.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ








Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд






