Имконоти зеҳни сунъӣ ва гидроэнергияи «сабз»-и Тоҷикистон ба «Goldman Sachs» муаррифӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 17.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Зимни мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо президент оид ба масъалаҳои глобалии Бонки байналмилалии сармоягузории «Goldman Sachs» Ҷаред Коэн Экосистемаи мустақили зеҳни сунъӣ ва гидроэнергетикаи «сабз»-и Тоҷикистон ҳамчун асоси ҷойгиркунии инфрасохтори ҷаҳонии зеҳни сунъӣ муаррифӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар мулоқот оид ба лоиҳаи минтақаи махсуси зеҳни сунъӣ: «Area AI»- аввалин минтақаи озоди махсус дар ҷаҳон барои ширкатҳои зеҳни сунъӣ маълумот пешниҳод карда шуд. Консорсиуми зеҳни сунъии минтақаи «Area AI» чунин ширкатҳои пешбари ҷаҳонии зеҳни сунъиро, аз қабили Perplexity AI, Cerebras Systems, Supermicro, Yotta ва якчанд шарикони дигари байналмилалии технологӣ дар бар мегирад.
Дар мулоқот инчунин ба имконоти Тоҷикистон ҳамчун маркази ҳисоббарории «сабз» ишора карда шуд. Вазир ҳамзамон лоиҳаи AI-GOV – низоми зеҳни сунъиро барои идоракунии давлатӣ, ки дар доираи он Perplexity Comet аллакай дар Вазорати саноат ва тиҷорат ҷойгир кунонида шудааст, муаррифӣ намуд. Платформаи AI-GOV инчунин барои автоматикунонии иҷозатномадиҳии тиҷорати хурд ва миёна истифода мешавад.
Дар анҷом ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои татбиқи лоиҳаҳои стратегии зеҳни сунъӣ дар ҷумҳурӣ ҳамкорӣ намоянд.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид






