Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ДУШАНБЕ, 18.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳида чангу ғубор ба амал меояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳои шарқии вилоят бориши борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 15+20 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳию кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония вазида, хокбориш ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, дар ноҳияҳои алоҳида чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 дараҷа гарм ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 5+10 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Дар ноҳияҳои алоҳида чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 9+11 дараҷа гарм ва рӯзона 20+22 дараҷа гарм мешавад.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






