Имрӯз Фестивали байналмилалии «Рақс моро муттаҳид менамояд» ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 30.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Фестивали байналмилалии «Рақс моро муттаҳид менамояд» ифтитоҳ ёфт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ин чорабинии бошукӯҳ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, дар он ҳайатҳои ҳунарӣ аз Тоҷикистон, Арманистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Русия ва Узбекистон,иштирок доранд.
Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Бобозода зимни маросими ифтитоҳ иброз дошт, ки фестивал бо мақсади ҳифз ва рушди анъанаҳои қадимии санъати рақс, мустаҳкам намудани риштаҳои дӯстӣ ва бародарӣ байни халқҳо тавассути санъати рақс, минбаъд васеъ намудани доираи ҳамкории эҷодӣ ва робитаҳои фарҳангӣ дар сатҳи байналмилалӣ доир мешавад.
Фестивал бо мақсади таҳкиму густариши робитаҳои судманди фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ, табодули таҷриба ва дар ин замина муаррифии ҳарчи бештари санъату ҳунари миллӣ доир мегардад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, пайваста барои рушди ин навъи ҳунари асил тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад. Имрӯз санъати рақси тоҷик бо тамоми унсурҳои миллӣ ба дили бинандагони дохилу хориҷи мамлакат роҳ ёфтаву маҳбуб гаштааст.
Санъати рақс дар таърихи тамаддуни ҳар халқу давлат мақоми арзанда дорад. Маҳз тавассути рақс, новобаста аз тафовути забонӣ ва фарҳангӣ инсонҳо дар ҳама давру замон орзуву омол ва розу ниёзҳои худро ба забон меоранд. Бешубҳа, дар масири таърих рақс чун қувваи муттаҳидкунандаи воқеии халқу миллатҳои сайёра боқӣ мондаву шинохта шудааст.
Дар ҳошияи ин фестивал баргузории дарсҳои маҳорат дар муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг ва санъат, инчунин Конфронси илмӣ назар дошта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Фестивали байналмилалии «Рақс моро муттаҳид менамояд» то 2 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе идома меёбад.
Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (акс),
АМИТ «Ховар»

































Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё” дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






