Имрӯз ғолибони Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҳавасманд гардонида мешаванд
ДУШАНБЕ, 26.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи «Куруши Кабир» — и шаҳри Душанбе даври ниҳоии Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» баргузор мешавад. Соли ҳаштум аст, ки дар Тоҷикистон ин фестивал дар сатҳи баланд доир мегардад. Ҳадафи баргузории ин фестивал аз чӣ иборат аст? АМИТ «Ховар» ин мавзуъро шарҳ медиҳад.
Тавре аз Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, мақсад аз баргузории Фестивали «Сайри гули лола» ин эҳёи анъанаҳои ниёгон дар самти эҳтиром ба тамоми зебоӣ, ободонӣ ва хуррамии муҳити атроф, бедор намудани муҳаббати аҳолӣ ба гулпарварӣ, ҳифзи мероси табиӣ, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят, ҷумҳурӣ ва дар ин замина ҷалби сайёҳону рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат мебошад.
Бояд ёдовар шуд, ки бо мақсади баргузории фестивали мазкур дар шаҳри Душанбе имсол дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе 3 миллиону 999 ҳазору 630 дона гули лола шинонида шудааст. Имрӯз лолаҳои рангорангу шукуфони кӯчаву хиёбонҳо, гулгашту боғҳои пойтахт дили ҳазорон бинандаро тасхир намудааст.
Ҳамасола дар баҳор дар Тоҷикистон вақти шукуфоии гули лола фаро мерасад. Дар ин айём Тоҷикистон ба сарзамини гулзор мубаддал мегардад. Тавре тавассути наворҳои дар воситаҳои ахбори омма паҳншуда ва ҳангоми сафар ба қисмати ҷануби мамлакат мебинем, дашту дамани лолапӯши сарзамини мо дили садҳо меҳмонони дохилию хориҷиро тасхир кардааст. Онҳо аз тамошои ин манзараҳои зебову дилрабо ба ваҷҳ омада, дар ин ҷо акс гирифта, наворбардорӣ менамоянд.
Дар айёми шукуфтани гули лола дар ҷумҳурӣ яке аз ҷашнҳои қадимии халқи тоҷик -«Сайри гули лола» ба таври васеъ таҷлил карда мешавад, ки Тоҷикистонро ба лолазор табдил медиҳад.
Гули лола ба унвони машҳуртарин гули худрӯ дар фарҳангу адабиёти тоҷик нуфуз ёфтааст. Бисёре аз мутафаккирону шоирони тоҷик бо гули лола шиносоӣ доштаанд ва онро дар ашъори хеш таъбиру тасвири зебо кардаанд, ба мисли лолавор, лолагун, лоларӯ, лолаваш, лолабаногӯш, лолабарг, лоларанг, лолаузор, лолазор, лоламон, лоламонок, лолапӯш, лоларанг, лоларух, лоларухон, лоласитон, лоластон, лоласифат, лолафишон, лолаҷабин ва даҳҳои дигар. Ҳамчунин қадимӣ будани бастагии мо ба «иди гулҳо»-ро ин байтҳои фолклорӣ равшан баён мекунанд:
Эй ёр, биё, сайри гули лола равем…
Маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» ҳам имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ доир мегардад. Ғолибони фестивал бо Шоҳҷоиза (Гран-при), дипломҳои дараҷаи 1, 2, 3 ва шахсони ташаббускор, роҳбарони корхона, муассиса ва дигар ташкилот, ки дар он фаъолона иштирок менамоянд, бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-и Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд






