ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд

Апрель 4, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 04.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сокини деҳаи Гулзамини Ҷамоати шаҳраки Зарнисори ноҳияи Вахш Маҳмадисҳоқ Махмадраҳимов дар 15 садяк замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намудааст, ки дар он бештар помидор ва бодиринг парвариш менамояд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Маҳмадисҳоқ Маҳмадраҳимов иброз намуд, ки аз ин гармхонаҳо давоми сол 3 маротиба ҳосили дилхоҳ ҷамъоварӣ менамоянд. «Коркарди  агротехникӣ, сари вақт додани нуриҳои минералӣ ва нигоҳубини хуби зироат имкон медиҳад, ки ҳосили баланду дилхоҳ ба даст оварда шавад. Рӯзҳои наздик ҳосили помидор низ ҷамъоварӣ ва пешниҳоди бозори истеъмолӣ гардонида мешавад»,-афзуд ҳамсуҳбати мо.

Дар замини наздиҳавлигӣ бунёд кардани гармхонаҳо манфиатовар аст. Онҳо шароит фароҳам меоранд, ки талаботи харидорон дар чор фасли сол бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ қонеъ гардонида шавад.

Иттилоъ дода шуд, ки Маҳмадисҳоқ Маҳмадраҳимов аз соли 2012 Хоҷагии деҳқони «Исҳоқ»-ро  таъсис додааст, ки дорои 27 садяк замин мебошад.  Дар замини  хоҷагӣ пиёз, картошка, гулкарам ва дигар навъи сабзавот кишт карда шудаст. Дар айни замон гулкарам ҷамъоварӣ ва ба бозор пешниҳод мегардад.

Аҳли хонавода дар заминҳояшон заҳмат кашида, дар таъмини бозорҳои истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти босифати кишоварзӣ саҳм мегузоранд.

Дар ин баробар аз маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ барои фасли зимистон захира омода  намуда, амнияти озуқавории хонаводаашонро таъмин месозанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Апрель 4, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд