Кишоварзони ноҳияи Восеъ дар беш аз 7 ҳазор гектар пунбадона кишт менамоянд
ДУШАНБЕ, 19.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони ноҳияи Восеъ дар 7 ҳазору 500 гектар пунбадона кишт менамоянд, ки 2500 гектари он кишти зериплёнка мебошад.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар айни замон бо мақсади ба даст овардани ҳосили фаровон ва саҳмгузорӣ дар рушди иқтисоди миллӣ дар тамоми хоҷагиҳои деҳқонӣ маъракаи кишти пунбадона идома дорад.
Пахтакорӣ на танҳо ба таъмини соҳаи саноати мамлакат бо ашёи хом мусоидат менамояд, балки дар таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр низ нақши калидӣ дорад.
Сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Восеъ Искандар Раҳимов иброз намуд, ки «соли дуюм аст дар ноҳия кишти пунбадонаи зериплёнкагӣ гузаронида мешавад. Кишоварзон тухмиҳои босифатро бо ҷалби техникаҳои муосир кишт менамоянд. Инчунин тухмиҳои ба шароити иқлими минтақа мутобиқ ва серҳосил истифода карда мешаванд».
Пахта маҳсулоти асосии содиротии давлат ба шумор меравад, ки сол то сол арзиши аслии он дар бозори ҷаҳонӣ тамоюли болоравӣ дорад. Аз ин рӯ пахтакорони мамлакат талош доранд, ки дар баланд шудани иқтидори истеҳсолӣ, афзоиши даромади иқтисодӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсир гузоранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад






