Маркази «Ганҷинаи ҳунаристони маърифат ва фарҳанги миллӣ» ба фаъолият оғоз намуд

Апрель 21, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 21.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ  дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таҳти унвони «Истиқбол аз Истиқлол: Ганҷинаи ҳунаристони маърифат ва фарҳанги миллӣ» маркази фарҳанг ва маърифати миллӣ ифтитоҳ гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода хабар доданд, марказ дар се бахш фаъолият менамояд.

Яке аз гӯшаҳои марказ «Дасторо» номгузорӣ гардида, дар он беҳтарин ҳунарҳои дастӣ, аз ҷумла гулдӯзию зардӯзӣ, бофандагию порадӯзӣ, зару зевари сирф миллӣ ва намунаи беҳтарин либосҳои миллии занона, тоқиҳои се минтақаи Тоҷикистони ба намоиш гузошта шудаанд.

Гӯшаи дуюм бо номи «Китобнамо» фаъолият намуда, дар он беҳтарин дастовардҳои омӯзгорони донишгоҳ, махсусан тарҷумаи китоби мондагори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маърази тамошо гузошта шудааст.

Дар гӯшаи сеюм, ки «Ширинсаро» номгузорӣ шудааст, беҳтарин шириниҳо, нӯшокию хӯришҳои тезтайёр, ки аз ҷониби таълимгирандагони Парки техникии донишгоҳ омода шудаанд, ба намоиш – фурӯш гузошта шудаанд.

Ифтитоҳи ин ҳунаристон туҳфаи арзанда ба пешвози ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ мебошад.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

Апрель 21, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд