Масъалаи таъсис додани Маркази зиддимухаддироти СҲШ дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 25.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Қаландар дар машваратҳои навбатӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия баргузор шуданд, иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни машваратҳо оид ба амалҳои муштараки давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар самти муқовимат бо хавф ва таҳдидҳои амниятӣ дар паҳнои Созмон, инчунин оид ба ҳамкории байналмилалии Созмони ҳамкории Шанхай ва такмил додани фаъолияти он табодули афкор гардид.
Идибек Қаландар аҳаммияти татбиқи минбаъдаи амалии мувофиқаҳои бадастомада ва такмил додани абзорҳои ҳамкорӣ дар самтҳои номбаршуда, аз ҷумла пешбурди фаъоли масъалаҳои марбут ба таъсис додани Маркази зиддимухаддироти СҲШ дар шаҳри Душанберо таъкид кард.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд






