МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
ДУШАНБЕ, 02.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 25- солагии таъсиси ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ширкат намунаи навшудаи сомонаи megafon.tj-ро пешниҳод намуд. Платформа дорои интерфейси муосир ва навигатсияи такмилёфта мебошад. Навоварии муҳим – имконияти пайвасткунии мукаммали тарофаҳо ва хизматрасониҳо ба таври онлайн мебошад. МегаФон Тоҷикистон аввалин оператори телекоммуникатсионӣ дар ҷумҳурӣ гардид, ки ин функсияро ба меҳмонони сомона пешниҳод намуд.
Акнун дар сомонаи ширкат корбарон метавонанд хариди SIM-кортро ташкил намоянд, тарофаро интихоб ва пайваст кунанд, хизматрасониҳои иловагиро ҳамроҳ намуда, тамоми раванди барасмиятдарориро бе гузариш ба мағозаи алоҳидаи интернетӣ гузаранд. Ҳамин тариқ, имконоти мизоҷон комилан рақамӣ гардида, ба таври назаррас вусъат ёфтанд.
«Ҳадафи мо – таъмини роҳати бештар барои муштариён, новобаста аз он аст, ки онҳо кадом усули хизматрасониро интихоб мекунанд. Аз ин рӯ, сомонаи расмии ширкат низ функсияҳои худро васеъ намуда, мувофиқтар гардид: тамоми онлайн-воситаҳои зарурӣ акнун дар як манбаъ ҷамъоварӣ шудаанд. Хурсандиовар аст, ки дар ин самт низ мо дар бозори телекоммуникатсионӣ навовар ҳастем», — иброз намуд Артемий Пономарёв, директори самти тиҷорат ва рушди бизнеси ширкати «МегаФон Тоҷикистон».
Сомонаи навшуда дар рангҳои маъмулии брендӣ тарҳрезӣ шудааст, аммо дар баробари ин, навигатсия такмил дода шуда, пурра барои дастгоҳҳои мобилӣ мутобиқ гардонида шудааст. Пешниҳоди маълумот сода карда шудааст: истифодабарандагон метавонанд моҳияти тарофа ё хизматрасониҳо, афзалияти асосии онҳоро аз сонияҳои аввал ба таври воқеӣ дарк намоянд. Масалан, ҳангоми интихоби тарофа таваҷҷуҳро ба маслиҳатҳои пешниҳодшудаи «Дақиқаҳои бештар» ё «Интернети бештар» равона кардан мумкин аст.
Имконоти ҳуҷраи шахсии муштарӣ низ васеъ карда шудаанд. Баъд аз бақайдгирӣ корбарон метавонанд тавозуни ҷориро аз назар гузаронанд, холҳои бонусии ҷамъшударо бинанд, тарофаҳо ва хизматрасониҳои пайвастшударо назорат намоянд.
Дар айни замон сомона ба забонҳои тоҷикию русӣ фаъолият намуда, ояндаи наздик намунаи англисӣ низ ба роҳ монда мешавад. Ин дастрасӣ ба хизматрасониҳои ширкатро барои сайёҳон ва мутахассисони хориҷие, ки дар ҷумҳурии мо кор мекунанд, осон менамояд.
Ба megafon.tj ворид шавед, то ба тамоми навсозиҳо баҳо гузошта, сомонаро ба ёвари ҳаррӯзаи худ дар ҷаҳони алоқа табдил диҳед!
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






