Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид

Апрель 30, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 30.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Таҳти унвони «Бозтоб ва тарғиби  caйёҳӣ вa ҳунapҳoи мapдумӣ дар нашрияҳои «Хатлон» ва «Сафо»»  монографияи номзади илмҳои филологӣ, омӯзгори кафедраи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Комрон Расулзода дар матбааи «Торус»-и шаҳри Душанбе бо теъдоди 100 нусха ба нашр расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Монографияи мазкур бо тавсияи Шурои илмӣ-методии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба чоп пешниҳод гардида, ба таҳқиқи илмии вижагиҳои инъикоси мавзуъҳои сайёҳӣ ва фарҳанги миллӣ дар матбуоти даврӣ бахшида шудааст.

Муаллиф дар доираи пажуҳиши худ масъалаҳои назариявӣ ва амалии ташаккули журналистикаи соҳавӣ, аз ҷумла тревел-журналистика, эко-журналистика ва журналистикаи иқтисодиро мавриди таҳлили амиқ қарор додааст.

Дар китоб роҳу усулҳои муассири инъикоси захираҳои табиии нодир, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва мавзеъҳои зиёратӣ дар вилояти Хатлон баррасӣ гардида, таваҷҷуҳи асосӣ ба нақши нашрияҳои «Хатлон» ва «Сафо» дар ташаккули афкори ҷамъиятӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии минтақа равона шудааст. Натиҷаҳои таҳқиқот нишон медиҳанд, ки инъикоси касбӣ ва ҳадафманди мавзуъҳои сайёҳӣ метавонад ба рушди иқтисоди минтақавӣ, баланд бардоштани нуфузи фарҳанги миллӣ ва таҳкими худшиносии ҷомеа мусоидат намояд. Ҳамзамон, дар монография масъалаҳои методологии таҳияи маводи журналистӣ, интихоби жанрҳо ва риояи меъёрҳои касбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Аҳамияти амалии монография дар он ифода меёбад, ки он метавонад ҳамчун манбаи муфид барои донишҷӯён, магистрантон ва муҳаққиқони соҳаи журналистика, инчунин барои мутахассисони соҳаи сайёҳӣ, реклама ва робита бо ҷомеа (PR) хизмат намояд. Тавсияҳои пешниҳодгардида барои такмили фаъолияти касбии рӯзноманигорон ва баланд бардоштани сатҳи сифати маводи иттилоотӣ аҳамияти хосса доранд.

Дар маҷмуъ, монографияи Комрон Расулзода саҳми арзанда дар рушди журналистикаи миллӣ гузошта, барои таҳкими заминаҳои илмӣ ва амалии тарғиби сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

АКС: Рӯзномаи «Хатлон»

Апрель 30, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад