Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Президенти Сенати иёлоти Ютаи Амрико вохӯрӣ намуд

Апрель 30, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 30.04.2026. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар шаҳри Душанбе муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Гиёзода бо Президенти Сенати иёлоти Ютаи Амрико Стюарт Адамс вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 14 феврали соли 1992 барқарор гардида, пайваста рушд меёбанд. То имрӯз 35 санади ҳамкорӣ байни кишварҳои мо дар соҳаҳои гуногун ба имзо расидаанд, ки метавонанд ба рушди муносибатҳои дуҷониба мусоидат намоянд.

Ҳамкории мутақобили судманди байнипарламентии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар чорчӯби қолаби С5+1, инчунин Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентӣ бо Палатаи намояндагони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳим арзёбӣ гардид.

Робитаҳои Тоҷикистон бо Амрико яке аз авлавияти сиёсати хориҷӣ ба шумор рафта, ҳамкории мо дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, энергетика, маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, башардӯстона ва дигар мавзуоти мавриди назар пеш бурда мешаванд.

Азиз Гиёзода аз таваҷҷуҳи Конгресс ва роҳбарияти олии Амрико ба робитаҳои мутақобили судманд бо Тоҷикистон, аз ҷумла Маҷлиси намояндагон, ки солҳои охир афзудааст, изҳори қаноатмандӣ намуд.

«Мо бар он назарем, ки мақоми олии қонунгузор тавассути қабули қонунҳо ва тасдиқи шартномаҳои байналмилалӣ метавонад дар таҳкими ҳамкорӣ ва ташаккули асосҳои ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба саҳм гузорад», -изҳор намуд Азиз Гиёзода.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 30, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон