Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон бо ҳолати кишти картошка шинос шуд
ДУШАНБЕ, 15.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар ноҳияи Шаҳристон бо ҷараёни кишти картошка шинос гадид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон иттилоъ доданд.
Дар айни замон дар ноҳия дар 1011 гектар замини хоҷагиҳои деҳқонӣ картошка кишт карда шудааст.
Сулаймон Зиёзода иброз намуд, ки картошка яке аз маҳсулоти асосии озуқаворӣ мебошад. Барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва гирифтани ҳосили фаровон кишоварзон бояд заминро самаранок истифода намоянд. Инчунин зимни кишти картошка аз технологияҳои нав истифода намуда, барои баланд бардоштани маданияти заминдорӣ ва беҳтар намудани сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда бояд тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати мамлакат рушди соҳаи кишоварзӣ имконият фароҳам меорад, ки хоҷагидорон заминро самаранок истифода бурда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти асосии озуқаворӣ, аз ҷумла картошкаро зиёд намоянд.
Иттилоъ дода шуд, ки кишоварзони ноҳия соли 2026 бо тавсияи мутахассисони соҳаи кишоварзӣ барои фаровон гардидани ҳосил аз тухмиҳои истеҳсоли ватанӣ истифода намудаанд. Заминҳои ноҳияи Шаҳристон барои парвариши картошка ва гирифтани ҳосили дилхоҳ хеле мувофиқанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






