Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо фаъолони ноҳияҳои минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун вохӯрӣ намуд
РАШТ, 18.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17 апрел дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт вохӯрии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо фаъолони ноҳияҳои минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун доир гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ доданд.
Чорабинии мазкур бо мақсади баррасии масъалаҳои муҳими сиёсати давлатӣ ва тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид.
Дар чорабинӣ масъалаҳои татбиқи самараноки Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон ва тақвияти корҳои тарбиявӣ ва таҳкими ҳамкории сохторҳои давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, таҳкими худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ, тарбияи насли ватандӯсту худогоҳ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандиро мавриди барасӣ қарор доданд.
Изҳор гардид, ки рушди ҷомеа ва пешрафти давлат аз сатҳи маърифату дониши насли ҷавон вобастагии мустақим дорад. Аз ин рӯ бояд ба соҳибкасб гардидани ҷавонон, бахусус духтарон ба донишкадаю донишгоҳҳо аҳамияти ҷиддӣ дода шавад.
Инчунин дар идомаи вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории мақомоти давлатӣ бо муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти беҳтар намудани раванди таълиму тарбия ва тарғиби арзишҳои миллӣ ба масъулини шаҳру ноҳияҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар чорабинӣ ба масъалаи истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. Иброз карда шуд, ки ҳар шаҳрванди кишвар бояд дар ободии Ватан ва деҳаю маҳаллааш саҳми арзанда гузораду барои насли наврас намунаи ибрат бошад.
Дар доираи сафари корӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо якчанд муассисаи таълимӣ ва муассисаҳои томактабии ноҳияи Рашт шинос шуд. Зимни боздид ҳолати фаъолияти муассисаҳои мазкур, шароити таълиму тарбия, сатҳи таъминот бо таҷҳизоти зарурӣ ва муҳити фароҳамгардида барои омӯзгорону кӯдакон мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифт. Гуфта шуд, ки беҳтар намудани сифати таълим, фароҳамсозии шароити мусоиди кору таҳсил ва тақвияти заминаҳои моддию техникӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти минбаъда ба шумор меравад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






