Нақшаи қисми даромади буҷети шаҳри Ҳисор 103 фоиз иҷро гардид

Апрель 16, 2026 13:20

ДУШАНБЕ, 16.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар се моҳи аввали соли 2026 нақшаи қисми даромади буҷети шаҳри Ҳисор бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 103 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 95 миллиону 688,7 ҳазор сомонӣ маблағи андозҳо ворид шуд, ки нисбат ба нақша 2 миллиону 808,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд.

Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти минтақавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 104,9 миллион сомонӣ зиёд буда, ин нишондиҳанда дар истеҳсол ва коркарди маҳсулоти саноатӣ 106,8 фоиз, соҳаи кишоварзӣ 104,4 фоиз, сармоягузорӣ ва сохтмон 195,1 фоиз, гардиши савдо 103,5 фоиз ва ҳаҷми хизматрасонӣ 110,5 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар ҳаҷми маҳсулоти минтақавии шаҳр ҳиссаи истеҳсол ва коркарди маҳсулоти саноатӣ 5,9 фоиз, кишоварзӣ 14,4 фоиз, сармоягузорӣ ва сохтмон 11,5 фоиз, гардиши савдо 62,5 фоиз ва хизматрасонӣ 5,7 фоизро ташкил медиҳад.

АКС аз бойгонӣ

Апрель 16, 2026 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд