Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад

Апрель 4, 2026 15:30

ДУШАНБЕ, 04.04.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Тавре қаблан иттилоъ додем, бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе шуруъ аз 1 март намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд, ки то 31 май идома меёбад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд, дар ин намоиш-фурӯш занони ҳунарманди шаҳру ноҳияҳои мамлакат, гирандагони гранти президентӣ ва соҳибкорзанон имкон доранд, ки маҳсулоти истеҳсолнамудаашонро ба фурӯш гузоранд. Дар ин рӯзҳо сокинон ва меҳмонони пойтахт метавонанд аз маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик харидорӣ намоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз 1 то 15 апрел дар ин макон ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон маҳсулоти ҳунармандияшонро ба намоиш – фурӯш мегузоранд. Ин иқдом бо мақсади ташвиқу тарғиби арзишҳои миллӣ, анъанаҳои неки ниёгон, муаррифии фарҳангу ҳунари волои халқи тоҷик соли сеюм аст, ки дар мамлакат баргузор мегардад.

Ҳамчунин мақсади асосии намоиш-фурӯш баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстию хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму оинҳои миллию мардумӣ ва муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик мебошад.

Баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангии тарғиботию ташвиқотӣ ба баланд бардоштани мақому манзалати либоси миллӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои либоспӯшии миллӣ, равнақ бахшидани фарҳанги истифода ва ба бар намудани чакан ва дигар либосҳои гулдӯзӣ ва дастбоф, суръати тоза бахшидан ба раванди истеҳсоли матоъҳои гуногуни баландсифати миллӣ, аз қабили чакану чакандӯзӣ, сӯзанидӯзию гулдӯзӣ, попурдӯзӣ, читгарӣ, атласу адрасбофӣ, дӯхтани тоқиву ҷузвдон ва дигар намудҳои чеварӣ, густариши фаъолияти ҳунармандон, тарроҳону чеварон, сӯзанидӯзону чакандӯзон, қаламкашону наққошон, ҳамзамон фаъолияти корхонаҳои хурди дӯзандагию истеҳсолӣ ва таъсиси ҷойи нави кор барои занону духтарон мусоидат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2025 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 200 грант ба андозаи 15 миллион сомонӣ расонида шуд (соли 2024- 120 грант ба маблағи 5 миллион сомонӣ), яъне ҳаҷми грантҳои президентӣ 3 баробар зиёд карда шуд.

Тибқи ин қарор, аз соли 2025 то соли 2030 ҳар сол ба андозаи 15 миллион сомонӣ 200 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон равона мегардад, ҷудо карда мешавад. Ин иқдом ба ҷалб ва ҳавасмандгардонии занон ба истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, кишоварзӣ ва саноатӣ мусоидат мекунад.

Бояд гуфт, ки бо ибтикори занони ҳунарманду соҳибкори гирандаи грантҳои президентӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат даҳҳо маркази ҳунармандӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ таъсис ёфта, таҳти роҳбарии занони боистеъдод фаъолият мекунанд.

Ин иқдом нишон медиҳад, ки грантҳои президентӣ дар мамлакат дар рушди соҳибкории занон ва таъмини ҷойи нави кор барои занону духтарон нақши муҳим доранд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 4, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд