Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд

Апрель 15, 2026 17:45

ДУШАНБЕ, 15.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо роҳбарияти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Москва ба номи Олег Кутафин ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар ин муассиса таҳсил менамоянд, мулоқот намуданд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Русия хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ бо роҳбарияти Донишгоҳ ҷонибҳо омодагии худро барои ҳамкории мутақобилаи судманд дар самти табодули донишҷӯён ва омӯзгорон, татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ, амалӣ намудани лоиҳаҳои илмӣ — таҳқиқотӣ, баргузории чорабиниҳои муштарак баён намуда, ҳамагуна иқдомҳои тарафайнро қобили дастгирӣ ҳисобиданд.

Намояндагони Сафорат зимни мулоқот бо донишҷӯёни тоҷик оид ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ суҳбат намуданд.

Дар мулоқот доир ба саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қабул ва татбиқи Конститутсияи соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва рушди хизмати давлатӣ, нақши олимони ватанӣ дар рушди илмҳои назариявӣ-ҳуқуқӣ ва таърихӣ-ҳуқуқӣ, ҷойгоҳи олимони ватанӣ дар рушди илмҳои хусусӣ-ҳуқуқӣ дар мисоли ҳуқуқи маданӣ ва соҳибкорӣ, рушди илми ҳуқуқи байналмилалӣ дар Тоҷикистон ва мушкилоти татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар низоми ҳуқуқии миллӣ, масъалаҳои мубрами рушди илми ҳуқуқи маъмурӣ дар мамлакат маълумот пешниҳод гардид.

Намояндагони Сафорат аз донишҷӯёни тоҷик даъват намуданд, ки бо мақсади муаррифии фарҳанги тамаддуни миллати тоҷик дар якҷоягӣ бо Сафорат барои ташкил намудани чорабиниҳои маърифатию ҳуқуқӣ дар Донишгоҳи мазкур корҳоро дар ин самт тақвият диҳанд.


Инчунин ба донишҷӯёни тоҷик доир ба Фармони Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 31 январи соли 2020 дар бораи эълон намудани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маълумоти муфассал дода шуд.

Оид ба қабул гардидани ду ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид — 12 декабри соли 2025 қатъномаи «Ҳифзи пиряхҳо ва крисофера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» ва қатъномаи махсуси дигар «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» ёдрас карда шуд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои мубориза бо экстремизм ва терроризм, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ баррасӣ шуданд.

Ҳамзамон намояндагони Сафорат ба донишҷӯёни тоҷик таъкид карданд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватанро ҳамчун арзишҳои миллии худ эҳтиром намоянд.

Ба донишҷӯёни тоҷик доир ба инхитоб гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба вазъи занон (Commission on the Status of Women) барои солҳои 2027-2031 маълумот дода шуд.

Иброз гардид, ки ин дастовард уҳдадории қавии Тоҷикистонро барои таъмини баробарии гендерӣ, тавонмандсозии занону духтарон ва саҳмгузорӣ дар талошҳои ҷаҳонӣ барои ҳифзи ҳуқуқу имконияти онҳо инъикос мекунад.

Дар фарҷоми мулоқот ба донишҷӯён тавсия дода шуд, ки вақти холии худро ҳарчӣ бештар ба омӯхтани касбҳои муосир, забонҳои хориҷӣ ва илму техникаи замонавӣ сарф намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 15, 2026 17:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қатар бахшида ба Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ дар Женева чорабинӣ баргузор намуданд
Дар Вашингтон бо иштироки соҳибкорони Тоҷикистон ва ИМА мизи мудаввар баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон ба Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт нусхаи эътимоднома супорид
Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ва иқлим дар Бангкок муаррифӣ шуданд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ИМА дар бахшҳои сиёсӣ ва илмӣ баррасӣ шуд
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ шуд
Байни Тоҷикистон ва Амрико машваратҳои сиёсӣ баргузор шуданд
Мафалда Дуарте: «Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии иқлим мавқеи пешсаф дорад»
Ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби ИДМ муаррифӣ карда шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Дафтари Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба паноҳандагон баррасӣ шуд
Тавсеаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар маросими расмии таҷлили 250-солагии истиқлоли Амрико иштирок намуд