Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 02.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. 2 апрел намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо роҳбарияти Академияи хоҷагии халқ ва идоракунии давлатии назди Президенти Федератсияи Русия ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар ин муассисаи таҳсилоти олӣ таҳсил менамоянд, вохӯрӣ намуданд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Русия хабар медиҳад, дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкории Тоҷикистону Русия дар соҳаи илму маориф, беҳтарсозии шароити таҳсили донишҷӯёни тоҷик, инчунин таҳкими робитаҳо байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду давлат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Намояндагони Сафорат мақсади вохӯриро иҷрои нишондиҳандаҳо ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ ба таҳкими пояҳои ахлоқии ҷомеа, ташаккули худшиносии миллӣ, гиромидошти арзишҳои фарҳангию миллӣ ва пешгирии таъсири унсурҳои бегона таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Ҳамзамон намояндагони Сафорат доир ба эълон гардидани солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия», солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат», «Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030», иҷрои «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» изҳори назар намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаи таъмини амнияти миллӣ ҳамчун яке аз самтҳои меҳварии Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Иброз гардид, ки амнияти миллӣ омили асосии ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори давлат маҳсуб мешавад. Татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ имкон медиҳад, ки соли 2026 ба марҳилаи нави амалисозии ормонҳои миллӣ, густариши корҳои ободонӣ ва таҳкими худшиносии мардум табдил ёфта, ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастовардҳои шоиста истиқбол карда шавад.
Намояндагони Сафорат изҳор доштанд, ки «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» (2026) масъулияти шаҳрвандони мамлакатро дар татбиқи ин ҳадафҳо дучанд мегардонад. Барои сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҳамватанони бурунмарзӣ даъват ба амал оварда шуд, ки дар корҳои созандагию бунёдкории деҳоташон саҳми муносиб гузоранд.
Ба донишҷӯёни тоҷик таъкид карда шуд, ки бояд дар баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, истифодаи самараноки технологияҳои муосир, пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб ва таҳкими фазои солими маънавӣ дар ҷомеа, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, пешгирии ҷавонон аз нашъамандӣ, аз байн бурдани ҷаҳлу хурофот, содиршавии ҷиноятҳо аз ҷониби ноболиғон, ҷавонон, занон, риояи фарҳанги либоспӯшӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ ва ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ саҳм гузоранд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ба донишҷӯён тавсия дода шуд, ки вақти худро самаранок истифода бурда, ба омӯзиши ихтисосҳои муосир, забонҳои хориҷӣ ва дастовардҳои илму технологияҳои замонавӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»













Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






