«НАМУНАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК». Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии илмӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 24.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 100 – соли таълиф ва нашри асари таърихӣ – бадеии поягузори адабиёти навини тоҷик устод Садриддин Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик» таҳти унвони «Намунаи адабиёти тоҷик» – падидаи таърихӣ – фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» Симпозиуми байналмилалии илмӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ зимни суханронӣ таъкид намуд, ки ин асар ҳамчун падидаи нодири таърихию фарҳангӣ таҷассумгари мероси гаронбаҳои адабии халқи тоҷик буда, дар рушди худшиносии миллӣ ва таҳкими ҳувияти фарҳангӣ нақши муҳим гузоштааст.
««Намунаи адабиёти тоҷик» на танҳо як маҷмӯаи осори адабӣ, балки сарчашмаи муҳими илмӣ барои омӯзиши таърихи адабиёт, забон ва фарҳанги мардумони Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Ин асар дар шароити мураккаби таърихӣ таълиф гардида, барои эҳёи арзишҳои миллӣ ва муаррифии мероси адабии тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ заминаи устувор фароҳам овардааст», – изҳор дошт Дилрабо Мансурӣ.
Иброз гардид, ки асари «Намунаи адабиёти тоҷик»-и Садриддин Айнӣ ҳамчун як мероси гаронбаҳои миллӣ ва дастоварди бузурги илмиву фарҳангӣ аҳамияти хоса дошта, дар ташаккул ва рушди адабиёти навини тоҷик нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ омӯзиш ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин асар дар шароити муосир низ аҳамияти хосса дорад.
Инчунин дар кори симпозиюм иштирокчиён ба масъалаҳои таҳқиқи минбаъдаи мероси адабии ниёгон, густариши ҳамкориҳои илмӣ ва муаррифии арзишҳои фарҳангии тоҷикон дар сатҳи байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд






