Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд

Апрель 4, 2026 15:20

ДУШАНБЕ, 04.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» аз ҷониби Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз  Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар ин чорабинии пуршукуҳ намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва корпусҳои дипломатӣ муқими шаҳри Душанбе  иштирок намуданд.

Нахуст меҳмонон бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ, оинҳои наврӯзӣ, бозиҳои миллии варзишӣ, пухтани таомҳои наврӯзӣ ва либоси миллии мардуми тоҷик шинос шуда, ба маҳорату малакаи роҳбарияту кормандон ва хонандагону донишҷӯёни ин муассисаҳо баҳои баланд доданд.

Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ  иброз дошт, ки ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки рамзи покизагӣ, гармӣ ва ҳамдилӣ аст, барои ҳар як оила, ҳар як хонанда ва ҳар як омӯзгор фазои умед ва шодмонӣ эҷод мекунад. Наврӯз на танҳо оғози соли нави офтобӣ ва табиат аст, балки ба мо хотиррасон мекунад, ки ҳар рӯзи ҳаёт ва ҳар қадам дар омӯзишу тарбияи насли нав воқеан қиммат ва боэътимод аст. 

«Шумо, омӯзгорон бо меҳнати шабонарӯзӣ ва масъулиятшиносӣ роҳнамои кӯдакон ва ҷавонон ҳастед, ки бо донишу заковат ва аҳлу интизоми худ онҳоро ба сӯи дониш, касбомӯзӣ ва эҷодкорӣ раҳнамун месозед. Бо кӯшиш ва заҳматҳои шумо ҳар хонанда дарк мекунад, ки омӯзиш роҳи ташаккули шахсияти комил ва бунёди ҷомеаи солим мебошад. 

Бигзор Наврӯзи нав барои шумо пур аз дастовардҳои созанда, имкониятҳои нав ва руҳияи болида бошад. Бигзор, ҳар рӯз ва ҳар лаҳза барои шумо шодмонӣ, саломатӣ ва муҳаббати самимӣ ба ҳамкорон ва шогирдон орад. Ояндаи соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо заҳмати шумо умедбахш хоҳад буд», — гуфт Фарҳод Раҳимӣ.

Мудири бахши маориф ва илми Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Қувватзода ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳмиддин Саломзода оид ба мақоми байналмилалӣ касб намудани ҷашни Наврӯз бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан намуданд. 

Аз ҷониби ҳунармандони шинохтаи мамлакат ва донишҷӯёну омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барномаи театрии фарҳангӣ, ки иборат аз шеъру тарона, рақсу бозиҳои варзишӣ ва сурудҳои тараннумгари Наврӯз ва Ватан буд, пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.

Апрель 4, 2026 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва MERI Centre for International Studies Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
МАОРИФ — САРМОЯИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба талаботи асри технология мутобиқ гардидааст
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Вестминстер Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд
Оид ба дастовардҳои илмии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш доир шуд
«Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030» баррасӣ гардид
Панҷ нуктаи омӯзанда аз Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо паёми Президенти Тоҷикистон
Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон синфхонаи замонавӣ барои донишҷӯён ба истифода дода шуд
Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ бо имконоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид