Нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар вохӯрӣ бо фаъолони шаҳри Ҳисор тавзеҳ дода шуданд
ДУШАНБЕ, 21.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат ва фаъолони шаҳр вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини иҷрои «Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» тавзеҳ дода шуданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки дар вохӯрӣ кормандони масъули Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ, хусусан амалӣ гардонидани чор ҳадафи стратегӣ дар мамлакат, ташаббусҳои Пешвои миллат оид ба масъалаҳои об, иқлим, амният ва ҳамкории минтақавӣ ва ҳамовозӣ пайдо намудани онҳо аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ сухан намуданд. Инчунин рушди бемайлони соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат давоми 35-соли соҳибистиқлолӣ муфассал таҳлилу баррасӣ карда шуд.
Гуфта шуд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дигар масъалаҳои муҳим, ки марбут ба татбиқи сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат мебошанд, низ дарҷ гардидаанд. Ҳамзамон ба мақомоти салоҳиятдори давлатӣ оид ба фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ба аҳолии мамлакат, таъмини адолати иҷтимоӣ, эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, риояи қонунгузорӣ ва таъмин намудани адолати судӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар вохӯрӣ масъулини сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ оид ба масъалаҳои баҳодиҳӣ ба вазъи қонуният ва мубориза бо ҷинояткорӣ, муқовимат ба экстремизм ва терроризм, пешгирии ҳамроҳшавии шаҳрвандон ба созмону ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, инчунин муаррифии мазмуну моҳияти «Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва амалисозии нақшаи чорабиниҳои он барои солҳои 2026-2030 сухан гуфтанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад






