Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд

Апрель 4, 2026 16:30

ДУШАНБЕ, 04.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар мавзуи «Инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир» конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба донишгоҳ.

Дар кори конференсия олимону муҳаққиқон масъалаҳои мубрами рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва татбиқи инноватсияҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Иброз гардид, ки чунин ҳамоишҳо барои таҳияи пешниҳодҳои илмӣ-амалӣ ба хотири таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани мавқеи ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Дар мавзуъҳои «Афзалияти асосии рақобатпазирии иқтисоди миллӣ», «Асосҳои консептуалии таъмини рақобатпазирии иқтисоди миллӣ», «Рушди технологияҳои инноватсионии таълимӣ ҳамчун омили баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёт: таҳлили муқоисавии моделҳои ҷаҳонии таълим» ва «Дурнамои рушди маблағгузории исломӣ дар низоми хизматрасониҳои молиявӣ» маърузаҳо пешниҳод гардиданд.

Гуфта шуд, ки дар шароити муосир раванди ҳамоҳангсозии сатҳи рушди иқтисодӣ дар ҷаҳон идома дошта, ин раванд барои рушди фаъолияти озоди иқтисодии хориҷӣ ва коҳиши монеаҳо замина мегузорад.

Конференсия дар бахшҳо идома ёфта, ба таҳкими назария ва амалияи рушди иқтисоди миллӣ равона гардид. Дар он масъалаҳои асосӣ, аз қабили инноватсия, рақобатпазирӣ, сармоягузорӣ, маориф ва сиёсати молиявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Маърузаҳо бештар ба ҳамбастагии илм, амал ва сиёсати давлатӣ дар рушди устувори иқтисоди Тоҷикистон нигаронида шуданд.

АКС: Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон

Апрель 4, 2026 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд