Оид ба механизмҳои муосири арзёбии сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 30.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов дар мавзуи «Механизмҳои муосири арзёбии сифати таҳсилот ва татбиқи онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии соҳавӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишкада хабар доданд.
Ректори Донишкада Амир Иброҳимзода иброз дошт, ки баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ барои баррасии масъалаҳои муҳими рушди низоми маориф, табодули таҷриба ва таҳкими ҳамкории илмӣ аҳаммияти хос дорад.
Изҳор гардид, ки баҳодиҳӣ ба сатҳ ва сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии соҳавӣ нисбат ба дигар муассисаҳои таълимӣ хусусияти фарқкунанда дорад. Аз ҷумла, дар баробари санҷишу имтиҳонҳои назариявӣ ба омодагии ҷисмонӣ, иҷрои амалии машқҳо, малакаву маҳорати эҷодӣ, қобилияти касбӣ ва натиҷаҳои амалии донишҷӯён низ бояд баҳои воқеӣ дода шавад.
Конференсия барои пешниҳоди андешаҳои нав, баррасии мушкилоти мавҷуда, ҷустуҷӯи роҳҳои самараноки такмили низоми таълим ва арзёбии сифати таҳсил заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳамзамон масъалаҳо оид ба сатҳи донишандӯзии ҷавонон, истифодаи самараноки вақт, ҷалби бештари донишҷӯён ба мутолиаи китоб ва омӯзиши илм мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд. Таъкид шуд, ки омӯзгорони имрӯзаро зарур аст аз шаклҳои инноватсионии таълим, методҳои пешқадам ва таҷрибаи муассисаҳои муваффақи дохилию хориҷӣ васеъ истифода намоянд.
АКС: Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов











Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд






