Оид ба рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиёӣ форуми байналмилалӣ доир мешавад

Апрель 19, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 19.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи август дар шаҳрҳои Гулистон ва Хуҷанди вилояти Суғд дар мавзуи «Рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиёӣ» Форуми байналмилалии сармоягузорӣ баргузор мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Мақсади баргузории форум ташаккули платформаи муассири байналмилалӣ барои мубодилаи таҷриба ва таҳияи қарорҳои амалӣ оид ба ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, рушди ҳамкории сармоягузорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии тиҷорат дар минтақаи Авруосиё мебошад.

Дар назар аст, ки дар форум беш аз 200 намояндаи мақомоти давлатӣ, минтақаҳои озоди иқтисодии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, сармоягузорони ватанию хориҷӣ, намояндагони шарикони рушд ва коршиносони соҳавии байналмилалию миллӣ иштирок намоянд.

Инчунин дар доираи форум баргузор намудани намоишгоҳи EXPO – маҳсулоти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ба имзорасонии санадҳои ҳамкорӣ бо сармоягузорони ватанию хориҷӣ пешбинӣ шудааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 19, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд