Осонкунии ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути сарҳади гумрукии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид

Апрель 23, 2026 16:35

ДУШАНБЕ, 23.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайатҳои гумрукии Тоҷикистон ва Узбекистон дар гузаргоҳи  сарҳадии Ҷартеппаи Узбекистон масъалаҳои муҳими марбут ба рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи гумрукро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар мулоқот муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода  ва муовини раиси Кумитаи гумруки назди Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Узбекистон Надир Мусамухамедов масъалаҳои боз ҳам осон намудани ҳаракати молу маҳсулот ва воситаҳои нақлиёт тавассути сарҳади гумрукӣ, такмили фаъолияти нуқтаҳои гузаргоҳ ва таҳкими ҳамкории байниидоравиро муҳокима карданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар самти рақамикунонии фаъолияти гумрукӣ мубодилаи таҷриба намуданд. Аз ҷумла, ҳайати Тоҷикистон низоми шиносоӣ ва барасмиятдарории воситаҳои нақлиёт — VIN.TJ-ро, ки аз соли 2026 мавриди истифода қарор гирифтааст, муаррифӣ намуд. Ҷониби Узбекистон ба таҷрибаи пешқадами Тоҷикистон баҳои баланд дода,  барои густариши ҳамкорӣ дар ин самт изҳори омодагӣ кард.

Дар  анҷом ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории мутақобилро дар самти ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва баланд бардоштани самаранокии назорати гумрукӣ боз ҳам тақвият бахшанд.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 23, 2026 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд