Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад

Апрель 25, 2026 11:30

ДУШАНБЕ, 25.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Аз 25 апрел то 23 майи соли равон бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия  хабар доданд.

Озмун бо ибтикори  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Озмун дар номинатсияҳои «Мақолаи беҳтарин», «Саҳнача ё видеоролики иҷтимоии беҳтарин» ва «Ташаббуси муосири зиддикоррупсионӣ (аз ҷумла, бо истифода аз технологияи рақамӣ)» байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ доир мегардад.

Қабули маводҳо то 15 май идома ёфта,  ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо «Сипоснома», ҷоиза, мукофотпулӣ ва дигар туҳфаҳои арзишманд сарфароз гардонида мешаванд.

Ҳадаф  аз баргузории озмун ин  баланд бардоштани мафкураи ҳуқуқии зиддикоррупсионии аҳолӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун,  ватандӯстию меҳанпарастӣ, ҳушёрию зиракии сиёсӣ, коркард ва дар таҷрибаи миллӣ ҷорӣ намудани усулҳои муосири муқовимат ба коррупсия, дарёфт ва ҷалби ҷавонони фаъолу соҳибистеъдод дар раванди татбиқи сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 25, 2026 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид