Пагоҳ дар Душанбе Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
ДУШАНБЕ, 25.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 26 апрел дар Боғи «Куруши Кабир» — и шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» баргузор мешавад. Маросими ҷоизасупории фестивал дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ доир мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Фестивали ҷумҳуриявии гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» аз рӯи 10 номинатсия: «Гулпарвари беҳтарин», «Гулгашт ва хиёбон», «Боғҳои фарҳангию фароғатӣ», «Деҳаи беҳтарин», «Маҳаллаи беҳтарин», «Деҳоти беҳтарин», «Шаҳраки беҳтарин», «Ноҳияи беҳтарин» ва «Вилояти беҳтарин» баргузор мегардад.
Ғолибони фестивал бо Шоҳҷоиза (Гран-при), дипломҳои дараҷаи 1, 2, 3 ва шахсони ташаббускор, роҳбарони корхона, муассиса ва дигар ташкилот, ки дар он фаъолона иштирок менамоянд, бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-и Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда мешаванд.
Барои баргузории Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» Кумитаи рушди маҳал, вазоратҳои кишоварзӣ, фарҳанг, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии хоҷагии ҷангал, кумитаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ, телевизион ва радио, рушди сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, иттифоқи нависандагон, дизайнерон ва рассомон вазифадор гардидаанд. Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани ин фестивал дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе дар мавсими нави ниҳолшинонӣ 3 миллиону 999 ҳазору 630 дона гули лола шинонида шудааст.
Ҳадаф аз баргузории Фестивали «Сайри гули лола» эҳёи анъанаҳои ниёгон дар самти эҳтиром нисбат ба зебоӣ, ободонӣ ва хуррамгардонии муҳити атроф, бедор намудани муҳаббати аҳолӣ ба гулпарварӣ, ҳифзи мероси табиӣ, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят, ҷумҳурӣ ва дар ин замина ҷалби сайёҳону рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат мебошад.
Тибқи иттилои таърихшиносон, нақши гули лола дар қадимтарин осори бостонӣ ба назар мерасад. Қадимӣ будани нақши лола дар мӯҳрҳои сангӣ ва биринҷие, ки сабт шудаанд, беш аз 20 аср пеш аз мелодро ташкил медиҳад. Дар асрҳои 3-5 мелодӣ нақши гули лола дар зарфҳои нуқрагин ва муҳрҳо бо се гулбарг ба тасвир кашида шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Фестивали гулҳо- «Сайри гули лола» мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҳаштум аст, ки дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» бо туҳфаҳои хотиравии Кумитаи рушди маҳал мукофотонида мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






