Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 01.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 2 апрел дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад. Он то 9 апрел дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома меёбад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Фестивал бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, зимни он намоиши китобҳои бачагона, намоиши дастранҷи кӯдакону наврасон, намоиш-фурӯши китобу рӯзнома ва маҷаллаҳои тозанашр ва суҳбати кӯдакону наврасон бо адибон дар назар аст.
Ҳамчунин дар доираи ин фестивал озмуни беҳтарин иншо дар мавзуи «Ватан нурест андар чашми ҷонам», беҳтарин қироати шеър, таҳти унвони «Сухан-ҷавҳари хирад» ва озмунҳои «Хонандаи фаъол», «Ҳунар-оинаи дил», «Олам сухани Камол бигрифт…» бахшида ба 705-солагии шоири ғазалсаро Камол Хуҷандӣ баргузор мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки 2 апрел дар саросари ҷаҳон чун Рӯзи байналмилалии китоби кӯдакон таҷлил мегардад. Ин сана шуруъ аз соли 1967 бо мақсади тарбияи муҳаббат ба китоб ва ҷалби диққати ҷомеа ба китобҳои бачагона таҷлил карда мешавад. Адабиёти кӯдакона аз ҷанбаҳои муҳимтарине аст, ки ба наврасон кумак намуда, таълим медиҳад ва ҷаҳонбинии онҳоро васеъ мекунад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






