ПАЙВАНДИ ИЛМ БО ИСТЕҲСОЛОТ. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон озмуни ихтироъкорӣ ва навоварӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 30.04.2026. АМИТ «Ховар»/. «Ихтироъкори ҷавон» ва «Беҳтарин лоиҳаҳои инноватсионии донишҷӯӣ»- таҳти чунин унвон дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои дохилидонишгоҳӣ баргузор гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Озмунҳо ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва «Ҳафтаи илм» бахшида шуданд.
Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода иброз намуд, ки дар шароити ҷаҳони босуръат тағйирёбанда рушди ихтироъкорӣ ва инноватсия омили асосии пешрафти иқтисоди миллӣ буда, маҳз зеҳн, дониш ва тафаккури эҷодӣ сарвати воқеии миллат маҳсуб мешаванд.
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамчун маркази тавлиди идеяҳои нав муҳити мусоиди рушди стартапҳо ва парвариши ихтироъкорони ҷавонро фароҳам оварда, солҳои охир ба комёбиҳои назаррас, аз ҷумла гирифтани 26 патент ва татбиқи даҳҳо лоиҳаҳои илмӣ муваффақ гардидааст.
Дар доираи ҳамкории байналмилалӣ ва барномаҳои табодули академӣ, аз ҷумла «Erasmus+» донишҷӯён ва омӯзгорон имкони такмили дониш ва таҷрибаомӯзиро дар донишгоҳҳои пешрафтаи Аврупо пайдо намудаанд. Иштироки фаъоли донишҷӯён дар чорабиниҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Фестивали «100 навовари ояндаи Созмони ҳамкории Шанхай» бозгӯи рушди неруи зеҳнии ҷавонон арзёбӣ гардид.
Ҳамчунин ба масъалаҳои рушди инфрасохтори илмӣ, дастгирии ташаббусҳои инноватсионӣ, таҳкими ҳамкорӣ бо бахши саноат ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Иштирокдорон аҳамияти пайваст намудани илм бо истеҳсолот ва нақши донишгоҳҳоро дар рушди технологияҳои муосир муҳим арзёбӣ намуда, саҳми ҷавононро дар пешбурди соҳаи саноат муассир маънидод карданд. Таъкид шуд, ки баргузории чунин озмунҳо барои дарёфти истеъдодҳои ҷавон, рушди фарҳанги таҳқиқотӣ ва ташаккули тафаккури инноватсионӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ маҳсуб мешавад.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид






