Паём – санади муҳими сарнавиштсоз ва роҳнамо барои рушди устувори Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 17.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими сиёсию стратегӣ самтҳои афзалиятноки рушди давлатро барои давраҳои минбаъда муайян намуда, барои таҳкими ваҳдату ягонагӣ, таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва тақвияти пояҳои давлатдории миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Ин нукта зимни шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе баён гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҳамоиш бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Гуфта шуд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ масъалаҳои муҳими иқтисодӣ, аз ҷумла саноатикунонии босуръат, рушди соҳаи энергетика, таъсиси ҷойи нави кор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ махсус таъкид гардидааст.
Ҳамзамон ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин таҳкими амният, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва боло бурдани нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода шуд. Аз ин рӯ, татбиқи босамари ҳадафҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз ҳар корманд масъулияти баланд, ҳисси ватандӯстӣ ва фаъолияти содиқона тақозо менамояд.
Дар анҷом иштирокдорон ба татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуданд. Таъкид гардид, ки ҳар шаҳрванд бояд дар рушду пешрафти мамлакат ва истиқболи арзандаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми муносиб гузорад.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид






