Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба бунёди марҳилаи дуюми Маҷмааи парандапарварии «Мармарӣ» санги асос гузоштанд
ДУШАНБЕ, 24.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 24 апрел дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Гулафшони деҳоти Сафобахш ба оғози сохтмони марҳилаи дуюми Маҷмааи парандапарварии Мармарӣ санги асос гузоштанд.
Иқдоми мазкур бо мақсади амалигардонии нақшаҳои созанда ва расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар роҳандозӣ шуда, аз самтҳои зотпарварӣ, истеҳсоли тухми инкубатсионӣ ва зиёд кардани иқтидори истеҳсолии гӯшти мурғ иборат мебошад. Амалисозии марҳилаи дуюм бо бунёди як силсила иншоот то сентябри соли 2027 ба итмом расида, мавриди истифода қарор мегирад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки татбиқи марҳилаи дуюм дар се самт ба нақша гирифта шуда, ҷойгиршавии он дар 5 мавзеи ноҳияи Данғара роҳандозӣ карда мешавад.
Се самти кор иборат аз парвариши чӯҷаи зотӣ бо сохтмони 5 мурғхона ва инфрасохтор, парвариши мурғи модарӣ- истеҳсоли тухми инкубатсионӣ бо сохтмони 6 мурғхона ва инфрасохтори лозима ва парвариши мурғи гӯштӣ бо сохтмони 12 мурғхона ва инфрасохтор ба нақша гирифта шудааст.
Ҳудуди заминҳое, ки ин иншоот дар он сохта мешавад, зиёда аз 36 гектарро ташкил дода, дар умум 23 фермаи иловагии парвариши паранда бо биноҳои маъмурӣ, санитарӣ, анборҳо, гузаргоҳҳо ва таваққуфгоҳҳои техника бунёд меёбад. Кашидани хатти барқ дар масоҳати беш аз 10 км ҳам пешбинӣ шудааст.
Ба иттилои масъулин, 48 ҳазор сар мурғи модарии парваришшаванда барои истеҳсоли 7,3 млн. дона тухми инкубатсионӣ, омода карда шуда, иловатан ба хоҷагиҳои хурди парандапарварӣ пешкаш мегардад. Таъкид гардид, ки иқдоми таъмини тухми инкубатсионӣ дар вилояти Хатлон бори аввал татбиқ карда мешавад.
Мавзеи парвариши мурғи гуштӣ имкон фароҳам меорад, ки дар ҳар як мурғхона то 40 ҳазор сар паранда парвариш карда шуда, пайвастгари занҷираи истеҳсолоти имрӯзаи ширкат гардад. Тибқи дурнамо, истеҳсоли гӯшти мурғ бояд то 10 ҳазор тонна дар як сол расонда шавад.
Дар иншооти сохташаванда, таҷҳизоти муосири ширкатҳои ҷаҳонӣ насб гардида, хатҳои хӯрок, об, равшанӣ, гармӣ ва поксозии ҳаво бо таҷҳизоти рақамии худкор ба роҳ монда мешаванд.
Таҷҳизоти насбгардида ҳарорати заруриро ҳангоми парвариши паранда аз рӯи талабот ва меъёрҳо танзим намуда, барои парвариши мурғҳои хушзот шароити лозима муҳайё месозад.
Ҳамин тариқ, бо истифода аз иқтидори ҳамаи мурғхонаҳо дар як сол зиёда аз 5,8 миллион сар чӯҷаи мурғи гӯштӣ бо риояи талаботи беҳдоштӣ парвариш карда мешавад.
Инфрасохтори ҳудуди мурғхона бо хатти барқ ва хатти об таъмин гардида, роҳҳои он мутобиқ ба стандартҳои пешбинишуда мумфарш карда мешаванд.
Ҷиҳати амалигардонии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, ҷамъият тасмим гирифтааст, ки марҳила ба марҳила дар ҳар мавзеъ барои эҳтиёҷоти худ панелҳои офтобӣ насб намояд.
Ҷиҳати мунтазам фаъолият намудани мурғхона зиёда аз 47 техника ва механизмҳои махсус истифода хоҳад шуд.
Дар марҳилаи дуюми Маҷмааи парандапарварии Мармарӣ зиёда аз 200 ҷойи кории доимӣ таъсис хоҳад ёфт.
Дар ин ҷода, маҷмаа тасмим гирифтааст, ки дар заминаи имкониятҳои мавҷудаи амалӣ ҷиҳати омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳа, бахусус дар самти чорводорӣ, парандапарварӣ, растанипарварӣ, механизатору бойтор, технолог ва мутахассисони дигар Академияи Мармариро дар ҳамбастагӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва марказҳои омузишии Аврупо таъсис диҳад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷмааи иншооти бунёдшавандаро мутобиқ ба ҳадафҳои стратегии давлат дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ва таъсиси ҷойҳои корӣ арзёбӣ намуда, ҷиҳати саривақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои пешбинишуда ба масъулин дастуру тавсияҳо доданд.









Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунгоҳи тиббӣ, муассисаи таълимӣ ва маркази ташхисӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Дар ноҳияи Спитамен иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Суғд лоиҳаҳои бузург дар соҳаи роҳу нақлиёт амалӣ гардиданд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Ба татбиқи барномаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд зиёда аз 40 миллиард сомонӣ равона гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст






