Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

Апрель 23, 2026 13:56

ДУШАНБЕ, 23.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар вазоратҳои мудофиа, корҳои хориҷӣ, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда таъйин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Нахуст Пешвои миллат фаъолияти сохторҳои низомӣ ва ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа ва Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллиро ҳамаҷониба таҳлил намуда, таъкид намуданд, ки дар шароити ҳассосу мураккаби ҷаҳони имрӯза ҳушёриву зиракии беш аз ҳарвақта дар ҳимояи марзу буми Ватан, такмили омодагии ҷангӣ, таъмини пайвастаи техникаву лавозимоти муосир, табодули иттилоот, ҳамоҳансозии фаъолияти ҷузъу томҳо ва умуман таъмини амну суботи кишвар аз вазифаҳои аввалиндарҷаи ҳар як роҳбар бояд бошад.

Бартараф намудани сабабу омилҳои халалдоркунандаи фаъолияти муназзами хизматӣ дар воҳидҳои низомӣ, пешгирии қонунвайронкунӣ миёни хизматчиёни ҳарбӣ, тарбияи наваскарон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, омӯзиши техникаи муосири ҷангӣ ва забонҳои хориҷӣ, таъмини ҳамаҷонибаи ҷузъу томҳо бо ашёи зарурӣ аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд.

Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “дар бораи қатъ намудани ваколати судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршо бинобар вафоташ”, “дар бораи интихоб намудани судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Ҷурабек Шариф” ва “дар бораи бозхонд намудани Аминзода Сайдабону Рустам бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан” ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шуданд.

Дар якчанд сохторҳои Вазорати мудофиа ва Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ низ тағироти кадрӣ сурат гирифта, комиссарони ҳарбии як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва сардорони баъзе отряду дигар воҳидҳои низомии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аз ҳисоби афсарони соҳибтаҷриба таъин гардиданд.

“Фаъолияти мақомоти марбута дар самти пешгирии убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар молу маҳсулот аз ҳар як марзбон ҳушёриву зиракӣ ва далериву шуҷоатро талаб менамояд”, — таъкид намуданд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Таъкид гардид, ки кашфи фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткорӣ бояд ҳаматарфа мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифта, роҳу усулҳои мураккабу пешгӯинашавандаи қочоқчиён ошкор, пешгирӣ ва бартараф карда шаванд.

Зимни суҳбат ба кадрҳо доир ба софдилонаю содиқона ва бо виҷдони пок иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ ба нафъи давлат ва мардуми Тоҷикистон дастуру тавсияҳо дода шуд.

Таъкид гардид, ки ҳангоми иҷрои вазифа манфиатҳои давлат бояд дар мадди аввал қарор дошта бошанд..

Таъиноти кадрӣ 23.04.2026

Апрель 23, 2026 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд