Президенти Тоҷикистон таъмини амнияти озуқавориро масъалаи стратегӣ ва ҳаётан муҳим номиданд

Апрель 30, 2026 11:10

ДУШАНБЕ, 30.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 29 апрел зимни баргузории маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакатро дар семоҳаи якуми соли 2026 таҳлил намуда, дар назди масъулини сохторҳои давлатӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Аз ҷумла, Сарвари давлат таъмин намудани амнияти озуқавориро барои мамлакат масъалаи стратегӣ ва ҳаётан муҳим номиданд.

Бо назардошти муҳимияти ин масъала сохторҳои марбута ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш гирифтанд, ки кишти баҳорӣ ва такрориро сари вақт анҷом дода, истифодаи самараноки замин ва гирифтани се — чор ҳосилро таъмин намоянд, кишти зери плёнка ва обёрии қатрагиро васеъ гузаронанд, барои пешгирии талафоти занбӯри асал, рушди чорводорӣ, зиёд намудани истеҳсоли гӯшт ва дигар маҳсулоти асосии озуқаворӣ, инчунин коҳиш додани вобастагӣ аз воридот тадбирҳои мушаххас андешанд.

Дастурҳо ҳамчунин барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва истифодаи самараноки захираҳои об дода шуданд.

Дигар сохторҳо уҳдадор шуданд, ки барои таъмини соҳа бо нуриҳои минералии ватанӣ ва коҳиш додани вобастагӣ аз воридот тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

Ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин амал талаботи замон, вазифаи давлатӣ ва масъулияти  роҳбарони сохторҳои дахлдор ва  кишоварзон мебошад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 30, 2026 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст
Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд