Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара санги асос гузоштанд
ДУШАНБЕ, 24.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24 апрел Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара ҳамзамон барои оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара санги асос гузошта, бо лоиҳаи он шинос шуданд.
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара бо дастури Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳамсозии шароити муосири корӣ барои мутахассисону кормандон ва беҳсозии сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ бо тарҳи муосир сохта мешавад.
Зимни муаррифии лоиҳаи иншооти нав ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бино аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорони ватанӣ бунёд хоҳад ёфт.
Дар он, тибқи нақша, толори асосӣ бо 650 ҷойи нишаст, 7 толори хурду миёнаи дигар, ҳуҷраҳои барҳавои корӣ, меҳмонхона, ошхона бо 150 ҷой ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ ҷойгир хоҳад шуд.
Бино бо истифода аз шаклҳо ва ороишоти хоси меъмории миллию ҷаҳонӣ тарҳрезӣ гардида, намои берунии он зебову дилкаш хоҳад буд.
Бинои имрӯзаи мақомот, 38 сол қабл, соли 1984 сохта шудааст ва бо дарназарошти зарурат дар шафати он бинои нави 12 ошёна бо тарҳи замонавӣ бунёд мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулону кормандон, онҳоро ба анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ ва хизмати софдилона ба мардум ҳидоят намуданд.
Ҳоло дар марказ ва деҳоти ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ дар 48 иншооти таъйиноташон гуногун идома дорад.
Бояд таъкид намуд, ки барои истиқболи шоистаи ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шуда буд, вале дар воқеъ то имрӯз бо саҳми соҳибкорони ватандӯсти ноҳия 530 бинову иншоот сохта ба истифода дода шуда, нақша бамаротиб бештар ба иҷро расидааст.
Дар назар аст, ки дар моҳи сентябри ҳамин сол наздики 30 иншооти дигар дар марказ ва деҳоти ноҳия ба истифода дода шавад.









Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон






