РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗ ВА НИГОҲДОРИИ ЁДГОРИҲО ВА ҶОЙҲОИ ТАЪРИХӢ. Қалъаи Ҳисор таърихи зиёда аз 3000-сола дорад
ДУШАНБЕ, 18.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 1984 инҷониб бо қарори ЮНЕСКО ҳамасола 18 апрел Рӯзи байналмилалии ҳифз ва нигоҳдории ёдгориҳо ва ҷойҳои таърихӣ дониста мешавад. Дар ин рӯз доир ба яке аз мавзеъҳои таърихии мамлакат–Қалъаи Ҳисор, ки ҳамарӯза меҳмонҳои дохилию хориҷӣ бо тамошои он аз маданияти баланди меъморию шаҳрдорӣ ва фарҳанги тамаддунофари миллати тоҷик бархурдор мешаванд, маълумот медиҳем.
Қалъаи Ҳисор таърихи зиёда аз 3000-сола дошта, бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дохили он растаи дӯконҳои армуғонфурӯшӣ, ҳунарҳои мардумӣ, майдони аспсаворӣ ва нуқтаҳои фарҳангию фароғатӣ фаъолият менамоянд.
Бо дасгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди сохтмони бинои маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» идома дорад.
Ба иттилои директори Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии шаҳри Ҳисор» Сайфиддин Файзиддинов, дар се моҳи аввали соли 2026 ба тамошои Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» 9675 нафар меҳмонони дохилию хориҷӣ омаданд. Аз ин шумора 7000 нафар дар иду ҷашнҳо омада, 369 нафарро меҳмонони хориҷӣ, 1122 нафарро меҳмонони дохилӣ аз ҳисоби калонсолон, 669 нафарро хонандагону донишҷӯён ва 515 нафарро меҳмонони расмӣ ташкил медиҳанд.
«Сайёҳон аз дӯкону мағозаҳои назди қалъа армуғонҳои гуногунро, ки маҳсули дасти ҳунармандони чирадасти шаҳри Ҳисор мебошанд, харида, бо худ ба ёдгор мебаранд. Дар водии Ҳисор бостоншиносон маданияти моддии қадимтарини одамонро дарёфт намудаанд. Маданияти қарни неолитро олимон шартан маданияти Ҳисор (ҳазораҳои VI-III пеш аз мелод) ном бурдаанд. Маснуоти шикорию рӯзгордории водии Ҳисор гувоҳӣ медиҳанд, ки ин сарзамин дар ин давра сераҳолӣ будааст», -афзуд Сайфиддин Файзиддинов.
Ба андешаи директори мамнуъгоҳ, тамошои «Қалъаи Ҳисор» ба омӯзиши таърихи халқи тоҷик ва шинос шудан бо ҷоннисорию қаҳрамониҳои фарзандони барӯманди миллати тоҷик мусоидат намуда, барои сокинони мамлакат, бахусус насли наврас ва ҷавон басе манфиатовар аст. «Зеро дӯст доштани Ватан аз донистани таърихи он шуруъ мешавад. Барои ин хуб мешуд, ки волидон якҷоя бо фарзандон ба тамошои чунин ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ оянд ва сайру гашт ба маконҳои таърихиро ба ҳукми анъана дароранд. Ба ин васила онҳо метавонанд дар тарбияи ватандӯстии фарзандон нақши назаррас гузоранд», -иброз дошт Сайфиддин Файзиддинов.
Ҷалби ҷавонон ба хотири тамошои мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ дар ҷаҳони муосир, ки авҷи бархӯрди тамаддунҳо арзёбӣ мегардад, ба бофарҳанг намудани мардум, хоса насли ҷавони мамлакат мусоидати фаъол менамояд.
Ба иттилои Сайфиддин Файзиддинов, бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» барои сарсабзу хуррам гардонидани диёри азизамон тамоми тадбирҳои заруриро андешида, ҳама имконотеро, ки ба муассиса вобастагӣ доранд, дар сатҳи зарурӣ истифода менамояд.
Дар ҳудуди муассиса 200 адад гули лола, инчунин 140 бех арча, 100 бех павлония ва 150 бех ниҳолҳои себ, хурмо, биҳӣ, ангур, олуча ва зардолу, дар умум 390 бех ниҳолҳои мевадиҳандаю сояафкан шинонида шудаанд.
Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ягона ёдгории меъмориест, ки дар шафати шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Ин ёдгорӣ муаррифи таъриху тамаддуни миллати тоҷик буда, то кунун дар ҳолати хуб ҳифз шудааст.
Ёдовар мешавем, ки 18 апрел Рӯзи байналмилалии ҳифз ва нигоҳдории ёдгориҳо ва ҷойҳои таърихӣ дониста мешавад. Мақсад аз ин рӯз ҷалби ҷомеаи ҷаҳон ба ҳифзи мероси умумибашарӣ, тарғиби мероси фарҳангӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии сокинон, аҳамият, дараҷаи осебпазирӣ ва манфиатҳои ҳифзи ин ҷашн мебошад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Сафари таърихии давлатӣ ба Чин. Натиҷаҳо беш аз 80 санади нави ҳамкорӣ ва ҷалби зиёда аз 8 миллиард доллари амрикоӣ сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон
Махсусияти навини рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобили судманди Тоҷикистону Чин
Дар домони сабзи Ватан орзуҳои ҷавонон амалӣ мегардад. Эҳдо ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
Доир ба рушди соҳаи телевизион ва радио байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
НИҲОДИ МУҚАДДАСЕ, КИ ДАР ОН АРЗИШҲОИ ИНСОНӢ ТАШАККУЛ МЕЁБАНД. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии оила
Дар Қирғизистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор мешаванд
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қирғизистон баргузор мегарданд
Иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии Хутали қадим бо мавзеъҳои таърихии ноҳияи Ховалинг шинос шуданд
Сарфарозгардонии Президенти Тоҷикистон бо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин дар пояи 35-солагии истиқлолият – рамзи пайванди илму сиёсат барои ояндаи устувор
Иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии Хутали қадим бо ҳафриёти бостоншиносӣ дар шаҳристони Ҳулбук шинос мешаванд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ШАШМАҚОМ. Дар Суғд таҳти унвони «Ушшоқи Раҳмонӣ» фестивал–озмуни байналмилалӣ доир шуд
ТОҶИКИСТОН — ДАВЛАТИ ТАШАББУСКОР. Иқдомҳои Президенти Тоҷикистон ба пешгирии тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳои минтақаю ҷаҳон нигаронида шудаанд






