РӮЗИ ПОЙТАХТ. Душанбе маркази ташаккул ва рушди кластерҳои инноватсионӣ мебошад

Апрель 18, 2026 14:30

ДУШАНБЕ, 18.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Талаботи рушди муосири иқтисодиёти ҷаҳонӣ бо такя ба дониш, технология ва инноватсия зарурати ташаккули кластерҳои инноватсиониро ба яке аз омилҳои калидии баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ табдил додааст. Дар ин раванд шаҳри Душанбе ҳамчун таконбахши саноату фанновариҳои нав дар ташаккули муҳит ва рушди кластерҳои инноватсионии мамлакат нақши муҳим дорад.

– Бинобар ин, имрӯзҳо пойтахти Тоҷикистон бо имконияти фарохи зерсохторӣ, захираҳои инсонӣ ва муҳити мусоиди соҳибкорӣ ҳамчун «дарвозаи инноватсионии мамлакат» барои ҷалби технологияҳо, сармоягузорӣ ва донишҳои муосир хизмат мекунад. Маҳз чунин муҳит барои ташаккули шабакаҳои кластерӣ ва экосистемаҳои инноватсионӣ ва самаранокии ҳамкории байни субъектҳои иқтисодӣ аҳамияти ҳалкунанда дорад. Зеро дар шароити имрӯзаи рақобатҳои афзояндаи иқтисодӣ ташаккули кластерҳои инноватсионӣ ба яке аз самтҳои муҳимми рушди иқтисоди миллӣ табдил ёфтааст.

Дар шаҳри Душанбе интиқоли технологияҳои муосир ба иқтисоди миллӣ имконияти воқеии ташаккули якчанд кластери инноватсионӣ, аз ҷумла кластерҳои сохтмон ва меъморӣ, саноати сабук, хизматрасониҳои молиявӣ, технологияҳои иттилоотӣ, маориф ва тандурустиро фароҳам меорад. Албатта, ҳар кадоме аз ин самтҳо дорои занҷираҳои ба худ хоси арзишӣ буда, дар ҳамбастагии зич қарор доранд.

Бо такя аз чунин имконот маҳз солҳои охир пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе ба таври бесобиқа рушд карда, беш аз пеш ба маркази бонуфузи иқтисодӣ, саноатӣ, табдили рақамӣ ва инноватсионии давлат табдил меёбад. Дар доираи татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва бо андешидани тадбирҳои муассири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳи махсуси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба рушди пойтахт – шаҳри Душанбе ба яке аз шаҳрҳои муосир ва босуръат рушдёбандаи минтақа табдил ёфтааст. Ин раванд барои ташаккули кластерҳои саноатӣ ва инноватсионӣ ҳамчун омили калидӣ баромад менамояд.

Бояд гуфт, ки рушди босуръати инфрасохтори шаҳрӣ ва саноатии пойтахт заминаи воқеии ташаккули кластерҳои истеҳсолӣ ва хизматрасониро фароҳам овард. Дар воқеъ, афзоиши шумораи корхонаҳои саноатӣ, тавсеаи сохтмон, рушди энергетика ва нақлиёт нишон медиҳад, ки пойтахт ба маркази муҳими иқтисодии давлат табдил ёфтааст. Дар ин замина барои фаъолияти кластерҳои саноати сохтмон, истеҳсолоти саноатӣ ва хизматрасониҳои муҳандисӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Бахусус, бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 7 майи соли 2019 таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии  «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо таъсиси IT-паркҳо ва паркҳои технологӣ исботи ин гуфтаҳо мебошад. Он ба ташаккули муҳити муосири инноватсионӣ ва рушди кластерҳои технологӣ мусоидат менамоянд.

Маҳз дар ҳамин замина солҳои охир дар пойтахти мамлакат тамоюли устувори рушди саноатӣ ба назар мерасад, ки он бо таъсиси корхонаҳои нав, таҷдиди истеҳсолоти мавҷуда ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ифода меёбад. Ин равандҳо на танҳо ба афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, балки ба ташаккули муҳити рақобатноки инноватсионӣ замина гузошта, яке аз унсурҳои асосии кластерҳои муосири иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.

Аз нигоҳи таҳлилҳои иқтисодӣ пойтахт зери роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба пешрафти назарраси иҷтимоию иқтисодӣ ва инфрасохторӣ ноил гардидааст. Бо бунёду навсозии садҳо инфрасохтори  таълимӣ, тиббӣ, саноатӣ ва роҳу нақлиёт, беҳтар гардидани хизматрасониҳои коммуналӣ, густариши ҳамкории байналмилалӣ ва баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд, инчунин бо нишондиҳандаҳои мусбати иқтисодии соли 2025, аз ҷумла афзоиши истеҳсолот, сармоягузорӣ ва таъсиси ҷойи кор рушди устувори пойтахтро таъмин намуд. Масалан, танҳо соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии пойтахт 6852,5 миллион сомонӣ ва суръати рушди ин соҳаи муҳим 31,4 дарсад таъмин гардид. Ин нишондиҳандаҳо аз афзоиши иқтидори истеҳсолии пойтахт шаҳодат медиҳанд, ки яке аз шартҳои асосии рушди кластерҳои инноватсионӣ маҳсуб мешавад.

Тибқи маълумоти омори расмӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии шаҳри Душанбе соли 2023 ба 4195,9 миллион сомонӣ баробар гардида, соли 2024 ба 5215,8 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба соли қаблӣ 24,3 фоиз зиёд мебошад. Дар қиёс бо соли 2023 соли 2025 ҳаҷми истеҳсолот 63,3 фоиз афзоиш ёфтааст. Ин тамоюл аз ташаккули муҳити мусоиди рушди саноатӣ ва густариши робитаҳои байнисоҳавӣ дарак медиҳад, ки барои бунёди кластерҳои истеҳсолӣ ва технологӣ замина мегузорад.

Ҷорӣ гардидани имтиёзҳои андозию гумрукӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва рушди инфрасохтори шаҳрӣ ба ташаккули экосистемаи инноватсионӣ таккони ҷиддӣ бахшида, имконияти ҳамгироии корхонаҳо, марказҳои илмӣ ва бахши хизматрасониро васеъ мегардонад. Маҳз чунин ҳамгироӣ асоси кластерҳои инноватсиониро ташкил медиҳад. Дар заминаи таъмини суръати рушди соҳаи саноат имконият барои ҳалли масъалаҳои иҷтимою иқтисодӣ фароҳам омада, барои расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат ниҳоят муҳим мебошад.

Бо татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти рушди иқтисоди рақамӣ ва дастгирии соҳибкории инноватсионӣ шаҳри Душанбе ба маркази рушдёбандаи инноватсионӣ табдил ёфта, ташаббусҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба тамоюли рақамикунонии хизматрасониҳо, беҳтар намудани муҳити сармоягузорӣ, рушди инфрасохтори шаҳрӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ такони ҷиддӣ бахшиданд. Дар ин давра суръати рушди соҳаи саноат нисбат ба дигар минтақаҳо баландтар буда, пойтахт ҳамчун маркази ташаккули кластерҳои инноватсионӣ нақши пешбаранда дорад. Ба ҳолати моҳи январи соли 2026 дар Тоҷикистон 3972 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои истихроҷ 362 адад, коркард 3437 адад, таъминоти неруи барқу газ 72 адад ва таъминоти обу коркарди партовҳо 101 адад фаъолият намуданд. Аз ин шумора 1316 адад ё  33,1 фоиз аз шумораи умумии корхонаҳо ба вилояти Суғд, 912 адад ё ин ки 23,0 фоиз ба вилояти Хатлон ва 842 адад, ки 21,2 фоизро ташкил медиҳад, ба шаҳри Душанбе рост меоянд.

Бо вуҷуди тамоюлҳои мусбат маҳз ташаккули муҳити ягонаи рушди саноатӣ ва инноватсионӣ боис гардид, ки робитаи илм ва истеҳсолот, рушди соҳибкории инноватсионӣ, васеъ намудани фаъолияти стартапҳо ва таҳкими рақобати бозорӣ дар пойтахт тақвият ёбад. Бо назардошти ин пойтахт дар системаи рушди иқтисоди миллӣ ҳамчун муҳаррики асосии рушди инноватсионӣ тавассути ташаккули кластерҳо метавонад мунтазам рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ва рушди устувори мамлакатро таъмин намояд. Илова бар ин, имрӯз шаҳри Душанбе ба модели «шаҳри инноватсионӣ» табдил ёфта, метавонад минбаъд ҳамчун маркази пешбари рушди кластерҳои минтақавӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ баромад намояд.

Бо такя ба чунин зарфият пойтахти давлатамон имрӯз ба маркази ҳамгироии иқтисодӣ ва инноватсионӣ табдил ёфта, ҳамчун платформаи асосии ташаккули кластерҳои инноватсионӣ барои таъмини ҳамгироии илм бо истеҳсолот нақши калидӣ дорад. Дар баробари ин, густариши ҳамкории судманди бахшҳо, таҳкими робитаҳои байни муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ, инчунин рушди инфрасохтори инноватсионӣ барои ташаккули экосистемаи муосири иқтисодӣ заминаи устувор фароҳам оварда шуд.

Ҳамин тавр, имрӯз дар шаҳри Душанбе на танҳо инфрасохтори анъанавии иқтисодӣ, балки инфрасохтори рақамӣ, шабакаҳои алоқа, марказҳои хизматрасонии электронӣ ва платформаҳои рақамӣ рушд меёбанд. Ин омилҳо барои ҳамгироии субъектҳои гуногуни иқтисодӣ, аз ҷумла, корхонаҳо, донишгоҳҳо, марказҳои илмӣ ва стартапҳо шароити мусоид фароҳам меоранд, ки ин асоси ташаккули кластерҳои инноватсионӣ ба шумор меравад.

Ораз МУРТАЗОЗОДА,
муовини якуми директори Маркази тадқиқотии стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 18, 2026 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

СОКИНИ ПОЙТАХТ БУДАН ИФТИХОР АСТ! Имрӯз Душанбе гаҳвораи тамаддуни миллати тоҷик гардидааст
Душанбе бо зебоӣ ва тароваташ байни сокинон ва сайёҳон ҳамчун «шаҳри гулҳо» маъруф аст
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи пойтахт
Фарҳод Раҳимӣ: «Рушди шаҳри Душанбе дар замони муосир ва нақши Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаклгирии фазои иҷтимоӣ ва маънавӣ»
ЧУ ДИЛ ДАР СИНААМ ҶОӢ, ДУШАНБЕ… Симои пойтахти Тоҷикистон ба таври шинохтанашаванда дигаргун шудааст
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗ ВА НИГОҲДОРИИ ЁДГОРИҲО ВА ҶОЙҲОИ ТАЪРИХӢ. Қалъаи Ҳисор таърихи зиёда аз 3000-сола дорад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ «САБЗ». Дар пойтахт давоми 9 соли охир зиёда аз 130 миллион дона гули мавсимию бисёрсола шинонида шудааст
НАҚШИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ТАШАККУЛИ СИМОИ НАВИ ПОЙТАХТИ ТОҶИКИСТОН. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Пагоҳ дар Душанбе ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ ҲУШМАНД ВА БЕХАТАР. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ — МАРКАЗИ ТАШАККУЛИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ АРЗИШҲОИ ФАРҲАНГӢ. Ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон эҳдо мегардад